расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Гуруҳи кории марзии Қирғизистон дар Тоҷикистон: Тошиев гуфт, чаро ба ин сафар розигӣ дод

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

Гуруҳи кории марзии Қирғизистон дар Тоҷикистон: Тошиев гуфт, чаро ба ин сафар розигӣ дод

То охири ҳафта ҳайати кории Қирғизистон дар Тоҷикистон бояд масоили баҳсии минтақаҳои Сулюкте ва Кулундуро ҳал намояд.

Дар ин бора раиси КДАМ Қирғизистон, Қамчибек Тошиев хабар додаст. Ҳайати Қирғизистонро дар Тоҷикистон намояндаи вижаи Кабинаи вазирони ҶҚ дар масоили марзӣ Назирбек Борубоев роҳбарӣ мекунад.

Тошиев изҳор доштааст, ки ӯро низ ба Тоҷикистон даъват карданд, аммо ӯ худдорӣ намуд.

"Фикр кардам, ки гуруҳро беҳуда нафиристам, агар ҷониби Тоҷикистон ба шартҳои мо розӣ набошад. Аммо онҳо гуфтанд, ки ба музокирот сари пешниҳодҳоямон розиянд. Гуруҳ барои 4 рӯз рафт, натиҷаро мебинем", - изҳор дошт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон сафари гурӯҳи тепографии Қирғизистон ба шаҳри Душанберо тасдиқ кард.

 Вазорати хориҷаи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ҳайати Қирғизистон барои ҳалли масъалаҳои марзӣ вориди кишвар мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст. Ин номуайянӣ мунтазам боиси таниш мегардад, ки баъзан бо хунрезӣ мепечад.

Даргирии ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон нимаи моҳи сентябр авҷ гирифта, аз ҳарду ҷониб садҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар сар задани ин даргирӣ муттаҳам мекунанд.

Раиси КДАМ Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов ва ҳамтои қирғизаш, Қамчибек Тошиев 25 сентябри соли равон санади қатъи низоъ дар марзро ба имзо расонданд. Ятимов ин санадро "ғайринизомисоз" гуфта, таъкид намуд, ки сулҳу оромӣ дар замини тоҷикону қирғизҳо замоне фаро мерасад, ки ҳамаи асноди имзошуда амалӣ гарданд.

Раиси КДАМ Тоҷикистон афзуд, расонаҳо, сиёсатмадорону блогерони алоҳидаро зарур аст, ки зимни инъикоси масоили марзӣ эҳтиёткор бошанд, чун ҳар ҳарфи ноҷо метавонад корро халалдор кунад.

Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.