расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ё музокирот ё ҷанги сеюми ҷаҳонӣ: Трамп хостори гуфтушунид дар мавриди Украина шуд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Ё музокирот ё ҷанги сеюми ҷаҳонӣ: Трамп хостори гуфтушунид дар мавриди Украина шуд

Президенти пешини ИМА Доналд Трамп зарурати музокироти фаврӣ дар Украинаро таъкид намуда, дар акси ҳол аз ҷанги сеюми ҷаҳонӣ ҳушдор дод.

Ӯ зимни суханронӣ дар назди тарафдоронаш дар аёлати Невада ҷонибҳои даргир дар Украинаро ба музокирот даъват намуд.

"Ҳоло мо низоъ миёни Русия ва Украина дорем. Бояд ба музокироти фаврӣ дар бораи хотимаи сулҳомези ҷанг пардозем", - гуфт ӯ.

Дар акси ҳол, афзуд Трамп, ҷаҳонро ҷанги сеюми ҷаҳонӣ интизор аст.

Ин дар ҳолест, ки ахиран раисҷумҳури Русия, Владимир Путин низ мақомдорони Киевро ба музокирот даъват намуда, таъкид кард, ки натиҷаи раъйпурсии ахир мавриди баррасӣ қарор дода нахоҳад шуд.

Ӯ гуфт, халқи ношикастаи Донбассу манотиқи озодшудаи Херсону Запроже интихобашонро карданд ва онҳо барои ҳамеша шаҳрвандони Русияанд. Вай таъкид намуд, ки Маскав омодаи музокирот аст, аммо интихоби кардаи мардум баррасӣ нахоҳад шуд, он аллакай анҷом дода шуд.

Раисҷумҳури Русия Киеву кишварҳои ғарбиро ба эҳтироми интихоби мардуми Донбассу Запороже даъват намуд.

Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.