расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Минск ба сафири Украина нота дод: Чаро?

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Минск ба сафири Украина нота дод: Чаро?

Беларус ҳолати эҳзор ва супоридани нота ба сафири Украина дар Минскро тасдиқ кард, хабар дод РИА "Новости".

Ба иттилои манбаъ, котиби матбуотии вазорати хориҷаи Беларус, Анатолий Глаз дар суҳбат бо хабаргузории мазкур изҳор доштаст, ки "ман танҳо ин маълумотро тасдиқ карда метавонам, ки сафири Украина ба Вазорати корҳои хориҷии Беларус даъват шуда, ба ӯ нотаи дахлдор дода шудааст..

Далели супоридани нота ва эътирози Минск ба изҳорот дар бораи нақшаи ҳамлаи Киев ба қаламрави Беларус арзёбӣ гардидаст.

Қаблан вазорати умури хориҷаи Украина гуфт, ки сафири ин кишвар дар Минск Игор Кизим барои супурдани нота ба Вазорати хориҷаи Беларус даъват шудааст.

Ҷониби Украина изҳор дошт, ки маълумоти дар он овардашуда ба воқеият мувофиқат намекунад ва онро тавтеаи низоми Белорус хондасту чун "иғвои Русия" арзёбӣ кардааст.

Ин дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко дар авоили моҳи октябр гуфт, ки Украина дар марз бо ҶБ иғвоҳо ташкил мекунад ва як гурӯҳи то 15 ҳазор сарбозро ба он ҷо фиристодааст.

Вай таъкид кард, ки низомиёни белорус дар амалиёти вижа дар Украина ширкат намекунанд, вазифаи Минск ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳо ба қаламрави худ, бахусус аз Лаҳистон, Литва ва Латвия мебошад.

Вазири хориҷаи Беларус Владимир Макей дар поёни моҳи сентябр гуфт, ки Беларус ба Украина зарба заданӣ нест ва манфиатдор аст, ки низоъ ҳарчӣ зудтар хотима ёбад.

Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.