расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Муштзани тоҷик метавонад қаҳрамони ҷаҳон шавад

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Варзиш

Муштзани тоҷик метавонад қаҳрамони ҷаҳон шавад

Шавкат Раҳимов барои унвони қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи IBF бо бритониёӣ Ҷо Кордина мубориза мебарад. Ин мубориза рӯзи 5 ноябр дар назар аст ва дар Абу-Даби баргузор мешавад.

Раҳимов (16-0-1) бо Ҷо Кордина (15-0) дар ҳоле вомехӯрад, ки вай аввалин дифоъро анҷом медиҳад. Сабқати асосии рӯз дидори ин ду варзишгар хоҳад буд.

Ёдовар мешавем, ки Шавкат аллакай барои унвони қаҳрамонии ҷаҳон дар бахши IBF муштзанӣ карда буд. Баъдан рақибаш Ҷозеф Диас вазни заруриро нишон дода натавонист ва камарбандро аз даст дод. Пас аз 12 даври мубориза мусовӣ сабт шуд ва камарбанд озод монд.

Ҳоло Раҳимов хамрохи ҳамдастааш Муҳаммад Яъқубов ба мубориза таҳти роҳбарии мураббии номӣ Фредди Роуч тайёрй дида истодааст.

Шавкат Раҳимов 14 августи соли 1994 дар шаҳри Бохтар таваллуд шудааст. Вай муштзани ҳирфаӣ буда, дар вазнҳои сабуку ниммиёна рақобат мекунад.

Вай дар нимаи аввали солҳои 2010-ум тими бокси Тоҷикистонро намояндагӣ карда, қаҳрамони секаратаи ҷумҳурӣ, ғолиб ва ҷоизадори бисёр мусобиқоти байналмилалӣ миёни ҳаваскорон буд.

Дар байни муштзанҳои касбӣ собиқ довталаби ҳатмӣ барои унвони қаҳрамонии ҷаҳон дар бахши IBF (2019-2021) ва қаҳрамони собиқи ҷаҳон дар вазни нимсабуки дуюм аз рӯи IBO (2017-2019) мебошад.

Сарчашма​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.