расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Даргузашти донишманди тоҷик Фозил Абдураҳмонов

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Даргузашти донишманди тоҷик Фозил Абдураҳмонов


Профессор Фозил Абдураҳмонов, яке аз донишмандони тоҷик дар арсаи таҳқиқи анатомияи инсон ва доктори илмҳои тиб, субҳи 22-юми сентябр дар Душанбе аз олам даргузашт. Марҳум 92 сол дошт ва даргузашти ӯро аҳли илм ва шогирдонаш талафоти бузург унвон карданд.
Фозил Абдураҳмонов фориғуттаҳсили факултаи муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино дар соли 1952 буд ва аспирантураро дар Донишгоҳи тиббии Маскав ба номи Н.И.Пирогов ба итмом расонидааст.
Марҳум фаъолияташро соли 1955 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон оғоз карда, минбаъд, дар ин даргоҳ ба ҳайси декани факултаҳои педиатрӣ ва стоматологӣ то соли 1969, мудири кафедраи анатомияи эътидолии одами факултаҳои педиатрӣ ва фармакологӣ (1968-1994), мудир (1994-2006) ва профессори (аз 2006) кафедраи муттаҳидаи анатомияи одам кор кардааст.
Ӯ академики Академияи илмҳои омӯзгорӣ ва иҷтимоии Русия ва Арбоби шоистаи илму техникаи Тоҷикистон буд.
Китобҳои дуҷилдаи “Анатомияи одам”, ки Фозил Абдураҳмонов навиштааст, ҳамчун китоби дарсӣ барои табибони оянда мавриди истифода аст. Фозил Абдураҳмонов ҳамчунин муаллифи беш аз 200 асару мақола ва монографияҳои илмӣ ва китоби якҷилдаи “Атласи мухтасари анатомияи одам” ва китоби дуҷилдаи “Атлас- учебник по функциональной анатомии человека” мебошад.
Фозил Абдураҳмонов дар оромгоҳи Сариосиë ба хок супорида шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.