расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Нурулло Алиев, аввалин тоҷики ба UFC роҳ ёфта, ба Душанбе баргашт

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Варзиш

Нурулло Алиев, аввалин тоҷики ба UFC роҳ ёфта, ба Душанбе баргашт


Нурулло Алиев, варзишгари тоҷик, ки дар мубориза барои дарёфти қарордод бо UFC варзишгари амрикоӣ Ҷош Викиро дар раунди якум шикаст дода буд, баъд аз зуҳри имрӯз, ба Душанбе баргашт.
Нурулло Алиев дар он мусобиқа ғалабаи таърихӣ ба даст оварда, аввалин размикори тоҷикистонӣ дар ташкилоти UFC шуд. 
Пас аз қувваозмоӣ Нурулло бо президенти амалкунандаи Ultimate Fighting Championship (UFC) Дейна Уайт суҳбат карда, изҳор дошт, ки аллакай баъди як ҳафта омода аст, ки дар UFC аввалин қувваозмоии худро баргузор намояд.Нурулло Алиев соли 2000-ум дар Душанбе таваллуд шуда, соли 2021 размикори промоушени Fight Nights Global буд. Нурулло инчунин аввалин размикори тоҷик аст, ки бо яке аз ширкатҳои бузурги менеҷерӣ лар соҳаи МАА - First Round Management қарордод баст.
Алиев ҳунарнамоии касбии худро дар ММА соли 2018 оғоз намуда, дар якчанд мусобиқаҳои дохилӣ қувваозмоӣ кард. Қувваозмоии охирини худро ӯ моҳи сентябри соли гузашта доир намуда, бо қарори якдилонаи доварон пирӯз дониста шуд.
Нурулло Алиев, ки ӯро мухлисонаш “Уқоби тоҷик” низ меноманд 22 сол дошта, то имрӯз дар ташкилоти Fight Nights Global меҷангид. Уқоби Тоҷик” то имрӯз 6 бурд дошта, ягон бохт надорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.