расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Коршинос: Барои пешгирӣ аз даргирӣ ва хунрезӣ дар марз се роҳ аст

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

Коршинос: Барои пешгирӣ аз даргирӣ ва хунрезӣ дар марз се роҳ аст

Ин муноқиша бо роҳи пойбандии ҳар ду тараф ба таъаҳҳудоти худ ҳалл мешавад, гуфт ба Sputnik Тоҷикистон коршинос Умед Ҷайҳонӣ.

Ба гуфтаи вай то кунун Тоҷикистон пойбандии худ ба таъаҳҳудотро собит кардааст.

Вай илова кард, ки Тоҷикистон ҳар бор заминҳоеро, ки Қирғизистон иҷора гирифтаву пас намедиҳад, дар паи задухӯрди марзӣ пас мегирад, вале чун пойбанд ба таъаҳҳудоти байнулмилалӣ бо Қирғизистон аст, онҳоро бозпас медиҳад.

“Эҳтимолан, Қирғизистон ин пойбандии Тоҷикистонро нармиву тоҷикӣ мепиндорад, ки ҳар аз гоҳе ҳама таъаҳҳудотро зери по мекунад ва даргирӣ роҳ меандозад”, - гуфт коршинос.

Дар ҳамин ҳол Умед Ҷайҳонӣ барои пешгирӣ аз даргирӣ ва хунрезӣ дар марз се роҳ мебинад.

“Роҳи аввал ҳукумати Қирғизистон ба дасти сиёсатмадорони воқеъгаро бигзарад, ки муҳол аст. Роҳи дувум ин сиёсатмадорон ба таъаҳҳудоти кишвари худ пойбанд бошанд, ки муҳолтар аз он аст ва роҳи севум марз бо Қирғизистон бояд дақиқ марзнигорӣ ва аломатгузорӣ шавад”,- гуфт коршинос.

Умед Ҷайҳонӣ бар он аст, ки чун ҳукумат дар Қирғизистон ҳар чанд сол як бор миёни гурӯҳҳои фурсатталаб даст ба даст мешавад, умеде ба ҳалли мусолиматомези кашмакашии марзӣ намемонад. Бино бар ин, Тоҷикистон набояд сарзаминҳои пасгирифтаашро ба Қирғизистон бозпас диҳад ва онҳоро дар музокирот мавзуъи муъомила қарор диҳад.

Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.