расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Нархи нерӯи гармӣ ҳам дар Тоҷикистон аз 1 октябр боло меравад?

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Нархи нерӯи гармӣ ҳам дар Тоҷикистон аз 1 октябр боло меравад?


Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 31 августи соли 2022, дар баробари таърифаҳо (тарифҳо)-и нав ба неруи барқ, таърифаҳо ба нерӯи гармӣ низ тасдиқ шуданд.
Мувофиқи қарори қабулшуда, таърифаҳои тасдиқшуда аз 1 октябри соли ҷорӣ мавриди амал қарор мегиранд, лекин бархилофи таърифаҳо ба нерӯи барқ, онҳо бетағйир боқӣ мемонанд.
Ба ин тариқ, “Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе”  барои 1 гигакалория (Гкал) нерӯи гармӣ ба истеҳсолкунандагони он - Марказҳои барқу гармидиҳӣ (МБГ) ба мисли ҳозира 17 сомонӣ пардохт мекунад.
Аҳолӣ (истеъмолгарони маишӣ) барои ҳар як метри мураббаъи майдони интиқоли гармии манзил чун дар мавсими гузашта ба муассисаи “Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе” 1,18 сомонӣ маблағ пардохт мекунад.
Гармидиҳии мутамарказ барои ташкилотҳои буҷетӣ барои 1 Гкал неруи гармӣ аз 1 октябр дар сатҳи 98,67 сомонӣ ва боқимонда дигар истеъмолгарон - 113,47 сомонӣ боқӣ мемонад.
Таърифаҳо ба нерӯи гармӣ дар Тоҷикистон бори охир 1 сентябри соли 2018 зиёд шуда буданд. Арзиши нерӯи гармӣ барои аҳолӣ он замон барои ҳар як метри мураббаъи майдони интиқоли гармии манзил аз 1,03 сомонӣ то ба 1,18 сомонӣ боло рафта буд.
Дар Тоҷикистон интиқоли нерӯи гармӣ танҳо дар шаҳри Душанбе амалӣ гардида, дар ҳамин ҳол, танҳо як қисмати шаҳр бо гармӣ таъмин мешавад.
Мавсими гармидиҳӣ дар Тоҷикистон ҳамасола аз нимаи моҳи ноябр шурӯъ шуда, то нимаи моҳи марти соли оянда давом мекунад. Неруи гармӣ дар ду корхона - Маркази барқу гармидиҳи Душанбе” ва “МБГ Душанбе-2” истеҳсол карда мешавад.
Ёдрас мекунем, ки моҳи январи соли 2022 дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии пойтахт раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки зимистони имсол 220 иншооти нав ба низоми гармидиҳии пойтахт пайваст карда шавад.
Дар мавсими гармидиҳии солҳои 2021-2022 ба 2 ҳазору 762 иншоот дар Душанбе гармӣ интиқол дода шуд, ки 200 иншоот зиёдтар нисбат ба мавсими пешина буд.
Ёдрас мекунем, ки аз 1 октябри соли равон арзиши неруи барқ дар Тоҷикистон ба андозаи 17% боло бурда мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.