расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Баррасии бунёди НБО Ёвон дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат

Баррасии бунёди НБО Ёвон дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев


Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар ҳошияи ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай, дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон, бо Шавкат Мирзиёев, Президенти Ӯзбекистон мулоқот анҷом дод. Дар ин бора сомонаи расмии Президенти Ӯзбекистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот сарвари давлати Тоҷикистон ба давраи раисии Ӯзбекистон дар Созмони ҳамкории Шанхай баҳои баланд дода, ҳамчунин ободкориҳои шаҳри Самарқандро зери роҳбарии Шавкат Мирзиёев алоҳида таъкид намуд.
Сарони давлатҳо дӯстии ду кишвар, ҳамсоядории нек ва рушди шарикии стратегиро махсусан зикр намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот зикр карда шуд, ки соли ҷорӣ гардиши тиҷоратии ду кишвар 16 дарсад афзоиш ёфтааст.
Сарони давлатҳо аз лоиҳаи барои ҷонибҳо ва тамоми минтақа манфиатовар – НБО Ёвон ёдовар шуда, аз оғози корҳо дар он ибрози қаноатмандӣ намуданд.
Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.