расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Оғохони IV Эмомалӣ Раҳмонро табрик кард

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат

Оғохони IV Эмомалӣ Раҳмонро табрик кард


Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Оғохони IV бо ирсоли паёми табрикотӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо ҷашни Истиқлоли давлатӣ табрик намуд.
Дар паёми табрикотӣ аз ҷумла гуфта мешавад:
“Ҷаноби Олӣ, паёми саломи гарму ҷӯшон ва орзуҳои неки хешро ба муносибати ҷашни солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо Ҷаноби Олӣ, ҳукумати Шумо ва тамоми мардуми Тоҷикистон иброз менамоям”.
Дар барқияи табрикотии Оғохони IV садоқати Имомати Исмоилӣ ва Ташкилоти Оғохон оид ба рушд (AKDN) ба ҷонибдорӣ аз дастгирии дурандешӣ ва ҳадафҳои ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон зикр гардида, таъкид ёфтааст, ки “Шумо ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии тамоми мардуми тоҷик кӯшиш менамоед”.
“Ҳамкориҳои деринаи мо дар асоси ҳадафҳои муштараки сулҳ, субот ва беҳтар шудани сифати зиндагии Тоҷикистон ва мардуми он оғоз ёфтааст”, - гуфта мешавад дар паёми табрикотӣ.
Оғохони IV ҳамчунин изҳори умедворӣ намудааст, ки “дар ин замони чолишҳои сиёсӣ ва амниятӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ ҳамкорӣ дар рӯҳияи дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ пойдор хоҳад буд”.
Ёдовар мешавем, ки 9-уми сентябр Тоҷикистон ҷашни истиқлоли давлатиро ҷашн мегирад ва дар робита ба ин, ба унвони Президенти Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарони давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ барқияҳои табрикотӣ ирсол мегарданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.