расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Хуҷанд - Волгоград. Хатсайри нави қатора фаъол мегардад

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Иқтисодиёт

Хуҷанд - Волгоград. Хатсайри нави қатора фаъол мегардад


Фардо, 7 сентябр пас аз таваққуфи 2-сола ҳаракати қатораҳои мусофирбар аз Хуҷанд ба Волгоград барқарор мегардад.
Дар корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” хабар доданд, ки қатораи аввал иборат аз 10 вагон нимаи рӯзи чоршанбе (7 сентябр) соати 13 бо вақти маҳаллӣ ба роҳ баромада, пас аз 2,5 соат ба нуқтаи таъинот мерасад.
Қатора аз 10 вагон иборат буда, барои 614 мусофир пешбинӣ гардидааст. То шоми 5 сентябр аллакай беш аз 400 чиптаи он фурӯхта шудааст.
Қатора дар самти Хуҷанд - Волгоград ҳафтае як маротиба рӯзҳои чоршанбе ҳаракат хоҳад намуд. Нархи билет вобаста ба интихоби вагон аз 1200 то 1300 сомонӣ муқаррар шудааст.
Ин сеюмин масири мусофирбарӣ бо қатора аз Тоҷикистон ба самти Русия мебошад. Рӯзи 16-уми август аз Кӯлоб ва 27-уми август - аз Душанбе қатораҳо баъд аз танаффуси беш аз дусола ба роҳ баромада буданд.
Дар хатсайри аввали қатора аз Тоҷикистон ба Волгоград теъдоди рекордии мусофирон ба сафар баромаданд.
Қобили зикр аст, ки аз 16 август ҳар ҳафта аз Кӯлоб аллакай 4 хатсайр ба самти Русия раҳсипор шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.