расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Бар асари заминларза дар Чин 46 нафар ҳалок шуданд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис / Ҷаҳон

Бар асари заминларза дар Чин 46 нафар ҳалок шуданд


Теъдоди ҳалокшудагон аз заминларзаи 6,8 балл дар музофоти Сичуан, воқеъ дар ҷанубу ғарби Чин то 46 нафар расид.
Тавре ки Centralasia.media бо истинод ба Маркази шабакаи зилзиласанҷии Чин хабар медиҳад, таконҳо рӯзи 5 сетябр дар ғарби Ҳавзаи автономии Гардза-Тибет сабт шуда, маркази заминларза дар чуқурии 16 километр ва дар 39 километрии минтақаи Лудин воқеъ будааст.
Маълумот дар бораи харобиҳову талафоти ҷонӣ тадриҷан дастрас мешавад. Дар Ганза 29 нафар ва Яан - 17 нафар ҳалок шуда, 16 нафар шаҳрвандон бедарак шудаанд.
Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпин даъват намудааст, ки барои наҷоти осебдидгагон ҳамаи талошҳо ба харҷ дода шаванд.
Дар масоҳати 20 км аз маркази заминларза 39 ҳазор нафар, 50 километр - 330 ҳазор нафар ва 100 км - 1,55 млн нафар зиндагӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, таконҳои сахт ба хонаҳо зарар расонида, баъзе аз минтақаҳо бе барқ мондаанд. Ҳадди ақал аз ярчҳои бар асари заминларза фаромада як шаҳр осеб дидааст.
Роҳ ба дигар шаҳр баста шуда, хатҳои алоқа дар минтақаҳое, ки дар он ҷойҳо зиёда аз 10 ҳазор нафар иқомат доранд, канда шудаанд. Ҳамчунин дар ноҳияҳои Гарза ва Яан аз заминларза баъзе неругоҳҳои барқӣ аз кор баромадаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.