расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ҳалокати 2 кас дар таркиши "Дулан" дар роҳи Душанбе - Хуҷанд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

Ҳалокати 2 кас дар таркиши "Дулан" дар роҳи Душанбе - Хуҷанд

Бар асари таркиши мошини газкашони "Дулан" дар роҳи Душанбе-Чаноқ ду кас ҷон бохта, як кас маҷруҳ шудааст.

Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ҳодиса рӯзи 6-уми сентябр дар ҳудуди ноҳияи Варзоб рӯй дод.
Ба иттилои манбаъ, "ба сабаби аз кор баромадани тормоз мошин ба тарозуи "Ҳушёрӣ" бархӯрду ба дарёи Варзоб афтод ва таркид."
"Дар натиҷа, 2 кас ба ҳалокат расида, 1 нафар ҷароҳат бардошт ва 2 мошини дигар қисман зарар дид," -- хабар дод манбаъ.
Солҳои охир дар Тоҷикистон чанд мавриди сӯхтору таркиши мошин ва нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ сабт шудааст. Моҳи июли соли гузашта дар роҳи Душанбе-Хуҷанд нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ҳамроҳи як мошини боркаш ба коми оташ рафт.
Таркиши як мошини ҳомили газ дар ноҳияи Бохтар дар соли 2016 ҳам расонаӣ шуд, ки сабаби марги як нафар ва захмӣ шудани 21 тани дигар гардид.


Манбаъ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.