расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Толибон* Ҳомид Карзайро лату кӯб карданд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷаҳон

Толибон* Ҳомид Карзайро лату кӯб карданд


Президенти собиқи Афғонистон Ҳомид Карзай аз ҷониби Толибон* лату кӯб шуда, ӯро таҳдиди куштан низ кардаанд. Дар ин бора коршиноси масоили Афғонистон Андрей Серенко дар Telegram-канали худ хабар додааст.
Ба гуфтаи Серенко, ҳодисаи лату кӯб ду ҳафта пеш, баъди аз ҷониби собиқ президенти Афғонистон Ҳомид Карзай интиқод шудани Покистон барои бастани мактабҳо дар Афғонистон рух додааст.
“Як гурӯҳи Толибон* ба хонаи ӯ дар Кобул даромадаанд. Ҷангиён, ба гуфтаи манбаъҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, Ҳомид Карзайро лату кӯб кардаанд... Ҳамчунин ӯро таҳдиди куштан низ кардаанд. Дар охири “суҳбати тарбиявӣ” Толибон Карзайро огоҳ кардаанд, ки дигар Толибон* ва Покистонро танқид накунад”, - менависад Серенко.
Ҳомид Карзай аз моҳи декабри соли 2002 то соли 2004 ба сифати иҷрокунандаи вазифаи президент ва аз моҳи декабри соли 2004 то соли 2014 аллакай ба ҳайси президенти интихобшуда дар Афғонистон роҳбарӣ кард.
Бо сари ҳокимият омадани Толибон*, Ҳомид Карзай дар баробари ходими дигари давлатӣ Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз муҳофизон маҳрум ва барои як даврае ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд.
Тавре ки Sputnik Афғонистон хабар медиҳад, айни замон ба Карзай берун рафтан аз ҳудуди кивар манъ шудааст. Моҳи майи ҳамин сол ӯро иҷоза надода буданд, ки ба ҷанозаи президенти 2-юми Амороти Муттаҳидаи Араб Халифа бин Зайд ан-Наҳайян равад.
“Ҳарчанд сафари ӯ дар ҳамдастӣ бо сафири АМА дар Кобул омода шуда бошад ҳам, Толибон* ба сафари Карзай иҷоза надоданд. Дар ВКХ-и Толибон* изҳор намуданд, ки дар ин бора чизе намедонанд. Дар ҳамин ҳол, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ҳамкори Карзай дар Шӯрои ҳамоҳангсозии интиқоли осоиштаи ҳокимият, дар Иди Рамазон бо оилааш тариқи Ҳиндустон ба Дубай рафта буд”, - менависад Sputnik Афғонистон.
*Дар Тоҷикистонгурӯҳитеррористӣэътирофшудааст

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • casinosite | Гости

    It's too bad to check your article late. I wonder what it would be if we met a little faster. I want to exchange a little more, but please visit my site casinosite and leave a message!!

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.