расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Медали нуқраи ҷудокори тоҷик Абӯбакр Шеров дар Қазоқистон

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Варзиш

Медали нуқраи ҷудокори тоҷик Абӯбакр Шеров дар Қазоқистон


Гӯштингири тоҷик Абӯбакр Шеров дар мусобиқоти Ҷоми кушоди Осиё (Aktau Asian Open 2022) оид ба ҷудо ба дарёфти медали нуқра шарафёб гардид.
Тавре ки Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, мусобиқа рӯзҳои 13-14 август дар шаҳри Актауи Қазоқистон баҳри гиромидошти хотираи Турар Жолдибаев баргузор шуд.
Гуфта мешавад, Абӯбакр нерусанҷиро аз даври дуюм оғоз карда, бар варзишгари мизбон Азамат Зулжалелов ва дар чорякниҳоӣ бар ҷудокори дигари мизбон Болат Билол дастболо шуд.
“Дар қувваозмоии нифмифиналӣл бар сеюм ҷудокори мизбон Алмас Галимов пирӯз шуда, вале дар финал аз ҷудокори пуртаҷрибаи мизбон Сунгат Жубаткан бо дарёфти се «шидо» мағлуб ва барандаи медали нуқра гардид”, - омадааст дар хабари Кумита.
Ба иттилои манбаъ, намояндаи дигари Тоҷикистон Наврӯз Каримзод дар вазни -73кг ҷои ҳафтумро гирифт.
Зикр мегардад, ки дар мусобиқа 154 варзишгар аз шаш давлат ширкат карданд. Тими мунтахаби ҷудои Тоҷикистон иборат аз 8 нафар дар ин мусобиқа иштирок карда, танҳо як нафар - Абӯбакр Шеров дар вазни -66кг ба гирифтани медали нуқра даст ёфт.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.