расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Мувофиқаҳои Тоҷикистон бо Эрону Туркманистон сари воридоти сӯзишворӣ. Акнун газу бензин арзон мешавад?

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Иқтисодиёт

Мувофиқаҳои Тоҷикистон бо Эрону Туркманистон сари воридоти сӯзишворӣ. Акнун газу бензин арзон мешавад?

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, нафти хом  ва маҳсулоти нафтиро аз Эрон ва Туркманистон ворид кунад.

Мақомот бовар доранд, ки амалӣ намудани ин иқдом метавонад ба бозори сӯзишворӣ таъсири мусбат расонад. Аммо баъзе коршиносон мегӯянд, то замоне, ки дар тиҷорати сӯзишворӣ рақобати солим ба миён наояд ва бозор аз монополия раҳо нашавад, мушкили гаронии нархи маводи сӯхт ҳал нахоҳад шуд.
Шарифа Худобахш, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мегӯяд, "бо ҷониби Эрон ва Туркманистон санадҳои зарурӣ таҳия шудааст, ки бар асоси он Тоҷикистон метавонад бемаҳдудият аз захираи нафти ин кишварҳо харидорӣ кунад".
Ӯ дар як нишасти хабарӣ моҳи июл сӯҳбат мекард, гуфт, дар ин масъала танҳо ҷузъиёти хурд оид ба ҳамлу нақл боқӣ мондааст.
"Ин масъаларо вазорати нақлиёт (-и Тоҷикистон) бо вазорати нақлиёти Эрон ҳамоҳангӣ доранд, яъне дар ин маврид мушкилот вуҷуд надорад. Дар мавриди Русияву Қазоқистон бошад, ба гунае Эрону Туркманистон алтернатива ё интихоби дигар мешавад. Ҳамчунин Туркманистон барои мо ҳама гуна маҳдудиятҳоро бардошт," – афзуд Шарифа Худобахш.
Феълан Тоҷикистон асосан аз Русияву Қазоқистон сӯзишворӣ ворид мекунад. Гаронии нархи он дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории кишвар пайваста мавриди интиқоду нигарониҳо қарор мегирад.
Ҳарчанд масъулон хушбинанд, ки интиқоли нафти Эрон ба кишвар пойбандиро аз дигар кишварҳои содиркунанда кам ва ба қимати он дар бозор таъсир мегузорад, коршиносон дар ин бора чизи дигар мегӯянд.
Бозоршинос Абдураҳмон Ҳакимзода рӯзи 11-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дарёфти шарикони нав барои воридоти нафт ба кишвар фоли нек аст, вале мушкил дар он аст, ки бозори сӯзишвории кишвар аз сӯи як гурӯҳ монополия шудааст. Ӯ аз ҳеҷ гурӯҳе ном набурд, вале таъкид намуд, ки бояд дар масъалаи воридот ва тиҷорати сӯзишворӣ ба ҳама соҳибкорон имконоти баробар дода шавад.
"То ба дигар тоҷирону соҳибкорон имконият дода нашавад, ки маводи сӯхтро ба Тоҷикистон озодона ворид кунанду харидуфурӯш кунанд. Ман фикр мекунам, ки агар як ё ду тоҷир бозорро монополия мекунанду маводи сӯхтро мефурӯшанд, дар Тоҷикистон ин масъала ҳалли худро пайдо намекунад. Проблемаи дигар ин аст, ки бояд Тоҷикистон кӯшиш кунад, истеҳсолу коркарду полоиши маҳсулоти нафт, махсусан бензину газро дар худи Тоҷикистон ба роҳ монад".
Дар Тоҷикистон ба ғайр аз полоишгоҳи бунёдшаванда дар ноҳияи Данғара 12 корхонаи хурди коркарди нафт вуҷуд дорад, ки феълан фаъол нестанд. Дар робита ба кори полоишгоҳи нафти Данғара масъулон шаш моҳ пеш ба густариши ҳамкориҳо бо Эрон умед баста буданд.
Охири моҳи майи имсол дар доираи сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Эрон ёддошти тафоҳум байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар ва Вазорати нафти Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ ба имзо расид. Ҷузъиёти ин санад маълум нест. Баъзе огоҳон тахмин мезананд, ки эҳтимол аст бахше аз маҳсулоти нафти хоми Эрон барои полоишгоҳи Данғара, ки масъулон дар гузашта борҳо аз таъсисёбияш дар ояндаи наздик хабар додаанд, ворид гардад.
Шарифа Худобахш, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар посух ба пурсиши хабарнигорон дар мавриди нархи нафти хому маҳсулоти нафтии Эрону Туркманистон рақами дақиқе нагуфта, танҳо таъкид намуд, ки "бо ҷониби Эрон бо қиматҳои хеле арзон мувофиқа шудааст".
Пайрав Чоршанбиев, шореҳи иқтисодӣ мегӯяд, воридоти нафт аз Эрон ба Тоҷикистон кори осон нест ва дар сурати интиқол ёфтан ҳам нархи он гарон хоҳад шуд: "Зеро мо ба ин кишвар роҳи оҳан надорем. Бо мошинҳо овардан хеле хароҷоти зиёд мешавад. Агар тавассути роҳи оҳани дигар кишварҳо низ сурат гирад, бо таваҷҷӯҳ ба пардохтҳои гумрукӣ дар маҷмӯъ нархи нафти эронӣ аз Русияву Қазоқистон гаронтар меафтад".
Туркманистон низ ҳоло яке аз воридкунандаҳои асосии гази моеъ ба Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Вале аз Эрон ба Тоҷикистон содироти чунин навъи маҳсулот ё маҳсулоти нафтӣ сурат нагирифтааст.
Тибқи иттилои расмӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон бештар аз 350 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ва зиёда аз 180 ҳазор тонна гази моеъ ворид шудааст.

Манбаъ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • baccaratcommunity | Гости

    Your writing is perfect and complete.  However, I think it will be more wonderful if your post includes additional topics that I am thinking of.    I have a lot of posts on my site similar to your topic. Would you like to visit once?  
    baccaratcommunity

  • dehvocan | Гости

    что нужно человеку дизайн инициировать дизайн человека дизайн человека расчет картами дизайн человека каналы 16 48

    стоп кодон дизайн человека карта рождения дизайн человека расшифровка композита дизайн человека 39 5 дизайн человека

    дрим дизайн человека человек манифестирующий генератор по дизайну карта дизайна человека как читать общение по дизайну человека

    39 канал дизайн человека дизайн человека по русски манифестор это в дизайне человека карта дизайн человека с расшифровкой

    раскладка дизайн человека знаки дизайна человека фрустрации дизайн человека путеводитель по дизайну человека

    статья дизайн человека сфера деятельности в дизайне человека фрустрации в дизайне человека открытый дизайн человека

    дизайн человека и работа дизайн окна для молодого человека ворота 1 дизайна человека дизайн человека обои

    направляющие в дизайне человека хьюмен это такое дизайн человека дизайн комнаты молодому человеку дизайн человека портрет

    дизайн человека аналитика ютуб дизайн человека генератор дизайн человека бесплатная карта кресты вариации дизайн человека

    дизайн человека что такое транзит дизайн человека во сне рейв карта по дизайну человека 22 6 дизайн человека

    25 ключ дизайн человека как создать дизайн человека аналитик дизайна человека кто это дизайн человека секта или

    дизайн человека как определяется власть дизайн человека каналы открытые в дизайне человека дизайн человека четверти цивилизация

    узнай свой тип дизайна человека расшифровка дизайна человек курсы дизайн человека слив дизайн в жизнедеятельности человека

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.