расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » “ФАЗИЛАТИ РАҲИМ” – НАШРИ КИТОБ ДАР БОРАИ РАҲИМИ ҒАРМӢ

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

“ФАЗИЛАТИ РАҲИМ” – НАШРИ КИТОБ ДАР БОРАИ РАҲИМИ ҒАРМӢ


Садбарг Боқиева, хабарнигори тоҷике, ки солҳои тӯлонӣ дар Русия кору зиндагӣ кардааст, дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки дар бораи Абдураҳим Бобоҷонов, маъруф ба Раҳими Ғармӣ, соҳибкори дастбахайри тоҷик бо номи “Фазилати Раҳим” китоб навишта, онро ба тозагӣ аз чоп баровардааст. 
Садбарг Боқиева навишт, дар ин китоб бардоштҳояш аз суҳбатҳо бо Раҳим Бобоҷонов дар Русияро гирд овардааст.
“Нахустин бор бо намояндагии вақти Хадамоти муҳоҷирати Точ,икистон дар ҳавзаи федеролии Сибир Муҳаммадӣ Давлатов бо Раҳим дар Новосибирск, соли 2012-2013 ҳамсуҳбат гардида будему дар бораи фаьолияту бо кор таьмин кардани даҳҳо ҳамватанон нахустин барномаҳои телевизиониву радиоӣ ва барои рӯзномаҳои давлатӣ низ мақолаҳо омода карда будем ва х,анӯз се сол пеш чоп шудани нусхаи озмоишии китоб бо тавсияи дӯстони ах,ли маьрифату хираду сухан мақсад гузоштам китобро чоп кунам”, менависад муаллиф.
Садбарг Боқиева меафзояд, ки “дар китоб сухан дар бораи нахустин фаьолияту ба кор таьмин кардани даҳҳо ҳамватанон дар маркази савдои “Планета одежды и обуви”-и шаҳри Новосибирск, дар солҳои 2013-2014, овони бачагию мактабхонию бо пайроҳаи тақдир рох ёфтан ба мактаби бузурги зиндагӣ, ки сардию гармию шебу фарозҳо дорад, шаҷараи авлодию сафари мо аз Русия ба зодгоҳи Раҳим, манзараҳои зебои диёр ва андешаҳои нахустин муаллимони Раҳим, ҳамсояҳо, ҳамкорон ва хайру эҳсонкориҳои Бобоҷонов дар солхои душвори КОВИД-19 дар Русия ва Тоҷикистон меравад”.
Абдураҳим Бобоҷонов 4 марти соли 1979 дар рустои Почеи поёни ноҳияи Рашт дар оилаи Муҳибулло Бобоҷонов, роҳбари собиқи яке аз хоҷагиҳои дараи Камароби ин ноҳия ба дунё омада, баробари ба балоғат расиданаш ба Русия рафт ва онҷо ба соҳибкорӣ машғул шуд. Раҳими Ғармӣ тиҷорати худро аз савдои пойафзол дар бозори шаҳри Новосибирск оғоз карда, баъди чанд сол шабакаҳои мағозаҳояшро бо номи “Планета обуви” дар Новосибирск ва чандин шаҳри дигари Русия таъсис дод. Ба дунбол, ӯ шабакаи мағозаҳои “Планета одежды”-ро дар чанд шаҳри Русия таъсис дода, як бозорро харид ва ба фурӯшгоҳи муосир табдил дод.
Раҳими Ғармӣ дар натиҷаи тавтиасозиҳои рақибонаш соли 2021 аз шаҳрвандии Русия маҳрум карда шуда, аз ин кишвар ихроҷ шуд ва ба Ватан баргашт. Ӯ ахиран дар Душанбе ҳамроҳ бо ошпази машҳури турк Бурак Ӯздемир тарабхонаи “CZN Burak”-ро таъсис дод.
Раҳими Ғармӣ бо дасти  хайри худ машҳур буда, ба садҳо оилаи ниёзманд ва ҳамин тавр, ба аҳли ҳунар ва қалам ва ба варзишгарони тоҷик кумак мерасонад.
Моҳи июни соли ҷорӣ, қабл аз сафараш ба Ҳаҷ, Раҳими Ғармӣ ба 20 оилаи ниёзманд  ва ҳамчунин ба ду ширинкори машҳур Бахтиёр Раҳимов, маъруф ба Ғарибшо, ва Гулбаҳор Ғаффорова, ситораи собиқи студияи “Хандинкамон” хона туҳфа кард. Дар видеои нашршуда дида мешуд, ки  Раҳими Ғармӣ ба бархе ниёзмандони маъюб ҳатто хонаҳои дуқабата туҳфа кардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.