расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ҷабборов аз амалиёти мақомоти Тоҷикистон дар ВМКБ ҷонибдорӣ кард

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Президент

Ҷабборов аз амалиёти мақомоти Тоҷикистон дар ВМКБ ҷонибдорӣ кард

Қирғизистон аз иқдомоти раҳбарони кишварҳои ҳамсоя барои истиқрори сохти конститутсионӣ ва суботи иҷтимоию сиёсӣ дар онҳо комилан ҷонибдорӣ мекунад, гуфт раисиҷумҳури ин кишвар Содир Ҷабборов.

Ӯ ин нуктаро зимни нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар минтақаи Чолпон-Отаи ин кишвар рӯзи 21 июл доир шуд, изҳор дошт.

Ёдовар мешавем, ки нимаи аввали соли ҷорӣ барои Осиёи Марказӣ ноором буд: моҳи январ шаҳрҳои Қазоқистонро бетартибиҳо фаро гирифт, моҳи май дар ВМКБ-и Тоҷикистон вазъияти ноустувор ба амал омад, моҳи июл дар Қарақалпоқистон (Ӯзбекистон) нооромиҳо ба вуқӯъ пайваст. .

Ба гуфтаи Ҷабборов, ҳаводиси фоҷиабор дар минтақа масоили амниятро ба мадди аввал гузоштааст, зеро нерӯҳои тахрибкор, аз ҷумла нерӯҳои хориҷӣ, мутаассибони мазҳабӣ ва ҷинояткоронро ба тарафи худ ҷалб мекунанд.

"Қирғизистон аз иқдомоти қатъӣ ва хирадмандонаи раҳбарияти кишварҳои ҳамсоя ҷиҳати барқарории сохти конститутсионӣ ва суботи иҷтимоию сиёсӣ комилан ҷонибдорӣ мекунад. Ба чунин буҳрони амниятӣ бо сабабҳои дури иҷтимоӣ-иқтисодӣ, байни миллатҳо, динӣ ва ғайра роҳ додан мумкин нест. Даъват мекунам, ки дар ин самт саъю кӯшишро муттаҳид созем", - гуфт Ҷабборов.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рӯзи 18 май аз баргузории амалиёти зиддитеррористӣ дар ноҳияи Рӯшон хабар доданд. Бар асари ин амалиёт расман 8 сокини ноҳия кушта шуд.

Мақомот аз кушташудагон аъзои гурӯҳи ҷиноӣ-террористӣ ном бурда афзуданд, ки аз сокинони осоишта касе осеб надидааст.

Ба иттилои мақомот, амалиёт баъди он оғоз шуд, ки гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ бо истифода аз силоҳу лавозимоти ҷангӣ ба қатори мошинҳои таъйиноти махсуси зиддитеррористии "Алфа"-и КДАМ ҳамла намуданд.

Зимнан, рӯзи 31 май низ мақомот дар ин ноҳия боз як амалиёти ҷадид гузаронид, ки дар натиҷа панҷ нафар кушта шуд. ВКД аз кушташудагон узви гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ ном бурд.

Президенти Тоҷикистон низ зимни як мулоқоташ гуфт, ҳарчанд талош кард, борҳо афвҳо низ кард ва то охирин лаҳза кӯшид, ки чунин кор сурат нагирад, аммо бастани роҳи байналмилалӣ ва ҳамла ба кормандони мақомот маҷбур ба чунин иқдомот кард.

Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.