расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Эрон мехоҳад, ба Русия бесарнишини низомӣ диҳад

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Эрон мехоҳад, ба Русия бесарнишини низомӣ диҳад

Эрон тасмим дорад, ба Русия садҳо адад дрон ё ҳавопаймоҳои бесарнишини низомӣ диҳад. Дар ин бора Ҷейк Салливан, мушовири президенти ИМА дар умури амнияти миллии он кишвар хабар дод.

Ба гуфтаи Салливан, бесарнишинҳо иқтидори интиқоли силоҳро доранд. Мушовири президенти ИМА гуфт, ки Эрон ҳамчунин тасмим дорад, ба низомиҳои Русия тарзи истифодаи бесарнишинҳоро таълим диҳад ва марҳилаи аввали таълим давоми моҳи ҷорӣ шуруъ хоҳанд шуд. Салливан нагуфт, ки ИМА ин иттилоъро аз куҷо дарёфт кардааст.

Баъд аз ин иттилои Салливан, Москва ва Теҳрон сафари Владимир Путин, президенти Русияро ба Эрон таъйид карданд. Кремл хабар дод, ки Путин бо президентҳои Эрон ва Туркия гуфтугӯ мекунад.

Баъд аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина Путин ҳамагӣ ба ду кишвари хориҷ ва он ҳам шӯравии пешин - Тоҷикистону Туркманистон сафар кардааст.


Сарчашма:​озоди​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.