расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Мушкилоти футболи занона дар Тоҷикистон ошкор шуд

АХБОРИ ОҶИЛ / Ҷомеа / Варзиш

Мушкилоти футболи занона дар Тоҷикистон ошкор шуд

Юсуф Рабиев, сармураббии тими футболи занонаи Тоҷикистон, мушкили аслии ин навъи варзишро барои духтарони кишвар номбар кард.

Ба гуфтаи вай, соли аввал нест, ки чунин вазъ дар ҷумҳурӣ мушоҳида мешавад.

"Мо муддати тӯлонӣ бо футболи занона мушкил дорем. Чӣ мушкил? На ҳар волидайн духтарашро ба ин навъи варзиш мефиристад", - қайд кард Рабиев.

Вай таъкид кард, ки ҳоло дастаҳои футболи занонаи Тоҷикистон суст бозӣ мекунанд.

Якум, ин, ки барои духтарон хеле кам мусобиқаҳо ташкил мешавад, то онҳо таҷрибаи зарурӣ ҳосил карда тавонанд, сониян, барои онҳо ҳавасмандӣ намерасад.

Аммо, дар пеш дастаро як рӯйдоди муҳим – чемпионати CAFA 2022 интизор аст.Он аз 8 то 20 июл дар Душанбе баргузор мешавад.

Дар ин мусобиқа тими миллии Тоҷикистон бо варзишгарони Туркманистон (8 июл), Ӯзбекистон (11 июл), Эрон (14 июл) ва Қирғизистон (20 июл) бозӣ мекунад. Рабиев гуфт, ки духтарон аз ҳоло ба ин қаҳрамонӣ фаъолона омодагӣ мегиранд.

"Мо мунтазири мусобиқа ҳастем ва бо тамоми қувва ба он омодагӣ мебинем. Ин барои мо як мусобиқаи муфид хоҳад буд", - гуфт сармураббии даста.

Илова бар ин, Рабиев дар бораи муваффақияти мураббии тими мардонаи Тоҷикистон Питер Сегрт изҳори назар кард. Бо шарофати ӯ даста ба Ҷоми Осиё-2023 роҳхат гирифт.


Мутахассиси хорватӣ тактикаи нави бозӣ таҳия кард, ки дастаи мунтахаби миллиро пурзӯр кард, хулоса кард Рабиев.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.