расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Дар Ваҳдат мардро барои куштори ҳамсараш боздошт намуданд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

Дар Ваҳдат мардро барои куштори ҳамсараш боздошт намуданд


Дар шаҳри Ваҳдат марди 40-сола барои куштори ҳамсараш аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони содир намудани одамкушӣ боздошт гардид.
Бино ба иттиллои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ҳодиса рӯзи 24-уми июн дар ҳавлии гумонбар рух додааст.
Гуфта мешавад, ки бо сабаби муноқишаи оилавӣ мард ҳамсари 32-солаашро ҳангоми ҷангу ҷанҷол 2 маротиба бо корд ба қафаси сина ва китфи чапаш задааст.
“Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад”, - омадааст дар хабар.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.