расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Чаро хомӯшед: муроҷиати тунди Қодиров ба роҳбарони кишварҳои узви СААД

АХБОРИ ОҶИЛ / Сиёсат / Ҷаҳон

Чаро хомӯшед: муроҷиати тунди Қодиров ба роҳбарони кишварҳои узви СААД

Рамазан Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон, раҳбарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро муттаҳам кард, ки дар пасманзари ҳаводиси идомаёфта дар Украина мавқеъ нагирифтаанд.

"Сарони кишварҳои СПАД, чаро хомушед, чаро дар бораи ҳамсояҳои худ гап намезанед? <…> Чаро шумо ба муқобили фашистон, ки ниёгонамонро куштанд, мавқеъ надоред? Замоне мо ба муқобили онҳо якҷоя ҷангида будем", - бо таассуф изҳор доштааст Қодиров дар як видеое, ки дар канали Telegram -аш нашр шудааст.

Ӯ аз раҳбарони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ даъват кард, ки муттаҳид шаванд ва ҳарфи худро бигӯянд.

Дар идома ӯ суол гузошт, ки Белорус ва Қазоқистонро дар замони барои онҳо мушкил кӣ наҷот дод? Ҷанги Арманистону Озарбойҷонро кӣ хомӯш кард?

"Албатта, Русия! Аммо вақте Русия ба кумак ниёз дорад, ҳама хомӯшанд", - афзуд кишвардори Чеченистон.

Ба таъкиди Қодиров, онҳо таҷрибаи хуби ҷангӣ доранд ва дар ояндаи наздик дар ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганск натиҷаи хубро нишон медиҳанд.

"Мо аз давлати худ, халқи худ ва ҳамаи онҳое, ки аз ин шайтонҳо азоб мекашанд, ҳифз мекунем", - таъкид кард Кодиров.

Маврид ба зикр аст, ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи равон президенти Қазоқистон Қосим - Ҷомарт Тоқаев дар ҳамоиши иқтисодӣ, ки дар шаҳри Санкт - Петербург сурат гирифта буд, изҳор дошт, ки кишвараш истиқлолияти ҶМД ва ҶМЛ - ро намепазирад.

Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.
Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".

Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.

Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.