расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » РАҲИМИ ҒАРМӢ БАРОИ ҒАРИБШОҲ БА 60 ҲАЗОР ДОЛЛАР ХОНА ХАРИД (ВИДЕО)

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

РАҲИМИ ҒАРМӢ БАРОИ ҒАРИБШОҲ БА 60 ҲАЗОР ДОЛЛАР ХОНА ХАРИД (ВИДЕО)


Ҳамагӣ як рӯз баъди муроҷиати ширинкори шинохтаи тоҷик Бахтиёр Раҳимов, маъруф ба Ғарибшо, ки аз бехонагӣ шикоят кард, соҳибкори маъруфи дастбахайр Раҳим Бобоҷонов, маъруф ба Раҳими Ғармӣ, мушкили ин ҳунармандро ҳал кардааст.

Дар як паёми нав, ки рӯзи 15 июн боз ҳам дар канали Орзу Исоев нашр шуд, Ғарибшо эълон кард, ки “мушкили сисолаи ман дар байни ҳамагӣ як рӯз ба таври мӯъҷизавӣ ҳал шуд! Бо шарофати дӯст ва бародарони дастбахайри мо Раҳими Ғармӣ!”
Ғарибшо гуфт, баъди тамом шудани таҳияи аснод дар рӯзҳои наздик видеои маросими калидсупориро аз як тарабхонаи машҳур ба намоиш хоҳад гузошт.
Орзу Исоев навиштааст, ки Раҳими Ғармӣ ба Ғарибшо барои харидани хона 60 ҳазор доллар тақдим кардааст.
Ғарибшо як рӯз қабл аз тариқи канали Орзу Исоев ба чанд соҳибкори дастбахайр, аз ҷумла Раҳими Ғармӣ, набераи президент Исмоили Муҳаммадзоир ва биносоз Ҳоҷӣ Маҳмудҷон муроҷиат кард ва аз онҳо хост, ки ба вай дасти ёриашонро дареғ надошта, аз азоби иҷорашинӣ халосаш кунанд. Ғарибшо нақл кард, ки ҳанӯз соли 1993 дар хобгоҳи вазорати фарҳанг сабти ном шуда буд, вале аз ҳуҷрае ки дар ин хобгоҳ дошт, силоҳбадастон берунаш кардаанд ва бо ҳамин инак қариб 30 сол боз дар пойтахт азо бехонагӣ ва дар ба дари иҷора гаштан азоб мекашад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.