расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Баҳси дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия

АХБОРИ ОҶИЛ / Сиёсат / Ҷаҳон

Баҳси дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия

Дар зимни таҷлил аз 30-юмин солгарди барқарорсозии равобити дипломатии Тоҷикистону Русия рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар шаҳри Душанбе бо ҷалби намояндагони бахшҳои гуногун баррасӣ шуд.

Мавзуи меҳварии конфронси байналмилалӣ дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия буд, хабар додааст сафорати ФР дар Душанбе.

Манбаъ афзуд, ки дар конфронс беш аз 30 таҳлилгар, мақомдорони ниҳодҳои давлатӣ, масъулини идораҳои бахши маорифу илм иштирок доштаанд.

Ҳозиринро бо сухани ифтитоҳӣ сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов хайрамақдам гуфт.

Дипломати Русия сатҳи феълии муносибот бо Тоҷикистонро баланд баҳогузорӣ карда, таъкид ба хислати шарикӣ ва иттиҳодӣ доштани равобит намудааст.

Тайи ин нишаст таваҷҷуҳи асосӣ ба дурнамои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи амният, таҳкими равобити иқтисодию гуманитарӣ зоҳир шуд, илова намуд хадамоти матбуотии сафорати Русия дар Тоҷикистон.

Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Русия равобити дипломатияшонро 8 апрели соли 1992-юм барқарор кардаанд. Аз он вақт инҷониб беш аз 300 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва идоравӣ имзо гардидааст.

Дар самти тиҷорату иқтисод Русия ҳамоно шарики асосии тиҷории Тоҷикистон мебошад. Ба иттилои расмӣ, соли гузашта ҳаҷми додугирифти молӣ миёни ду кишвар аз ҳадди 1,3 млрд доллар гузашта буд.

Инчунин ҳамкориҳои минтақавӣ рушд ёфта, феълан равобити молӣ бо 80 минтақаи Русия роҳандозӣ гардидааст.

Инчунин дар ҷумҳурӣ Донишгоҳои славянии Тоҷикистону Русия фаъолият дошта, муассисаҳои олии таълимии машҳури ин кишвар намояндагиҳои худро дар Душанбе доранд. Аз тариқи "Россотрудничество" ҳамасола барои таҳсили тоҷикистониён квотаҳо ҷудо мегардад.

 Феълан теъдоди донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таълимии Русия ҳудуди 30 ҳазор нафар арзёбӣ мегардад.

Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • LinaEr | Гости

    Нellо all, guуsǃ I knоw, mу mеssage mау bе tоo sрeсіfіc, Вut my ѕiѕtеr fоund niсе mаn hеre and thеy married, ѕo hоw аbоut mе?ǃ :) Ι am 26 уеаrs old, Lina, frоm Rоmаnіа, I knоw Εnglіsh аnd Germаn languаgеs alѕo Αnd... Ι hаvе sреcіfіс diѕеаѕe, namеd nуmрhomanіa. Whо knоw what іs this, cаn understand mе (bettеr to ѕaу it іmmеdiаtеlу) Аh yеѕ, Ι cоok very taѕty! аnd Ι love not оnlу coоk ;)) Im rеаl girl, not рrоstitute, and lоokіng fоr serіоuѕ and hot relationship... Anyway, уou саn find my рrоfile herе: http://undementtosyncei.tk/user/24530/

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.