расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Шералӣ Кабир дар ҳамоиши иқтисодии Санкт-Петербург суханронӣ мекунад

АХБОРИ ОҶИЛ / Сиёсат / Ҳаводис

Шералӣ Кабир дар ҳамоиши иқтисодии Санкт-Петербург суханронӣ мекунад

Дар баробари намояндагони даҳҳо давлати дунё дар ҳамоиши иқтисодии Санкт-Петербург вазири Ҳукумати Тоҷикистон низ иштирок мекунад.

Аз Тоҷикистон дар ҳамоиш мазкур Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ иштирок хоҳад кард ва интизор меравад, ки дар доираи он рӯзи 16 июн суханронӣ кунад, хабар дод "Ховар".

Ҳамоиши мазкур таҳти унвони "Ҷаҳони нав - имкониятҳои тоза" аз 15 то 18 июн идома хоҳад дошт. Иштирокдорон аз таъмини суботи иқтисодӣ дар шароити навин, таҳкими ҳамгироӣ ва дигар масоилро баррасӣ хоҳанд кард.

Инчунин дар назар аст, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия 17 июн дар ҳамоиши мазкур иштирок кунад. Ба иттилои сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков, президент дар бораи таъсири таҳримҳо ба ин кишвар ва ҷаҳон хоҳад гуфт.

Ёдрас менамоем, ин ҳамоиши иқтисодӣ дар Санкт-Петербург яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои тиҷоратӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, ки тайи 25 соли охир гузаронда мешавад.

Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург аз соли 1997 ба ин сӯ ҳамасола баргузор мешавад.

Соли гузашта дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург 13 ҳазор намоянда аз 140 кишвари ҷаҳон иштирок дошт.

Дар форуми соли гузашта низ намояндагони Тоҷикистон низ ширкат карданд, аз ҷумла дабири кулли пешини СҲШ Рашид Алимов. Ӯ дар ин форум дар мавзуи "Ҳуқуқҳои нави ҳамкориҳои иқтисодӣ дар доираи СҲШ" маърӯза кард.

Ҳамчунин дар ин форум Манзура Рустамова, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон низ иштироку суханронӣ карда буд.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.