расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Намояндаи иттиҳодияи Аврупо: Аз вазъияти Афғонистон ва нотавонии толибон нигарон ҳастем

АХБОРИ ОҶИЛ / Сиёсат / Ҳаводис / Ҷаҳон

Намояндаи иттиҳодияи Аврупо: Аз вазъияти Афғонистон ва нотавонии толибон нигарон ҳастем

Томас Никулосун, намояндаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо барои Афғонистони ахиран дар саҳифаи твиттерии худ аз баргузарии нишасти кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди Афғонистон дар Бруксел хабар додааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.

Никулосун гуфтааст, ки коршиносони хориҷӣ дар заминаҳои ҳуқуқи башар ва иқтисод барои ҳамкорӣ бо онон дар мавриди Афғонистони даст ба кор шудаанд.

Намояндаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо барои Афғонистон аз бадтар шудани вазъи ҳуқуқи башар ба вижаи ҳуқуқи занону гуруҳҳои қавмӣ, адами мушорикати сиёсӣ ва нотавонии толибон дар иттихозу иҷрои сиёсатҳои мунсаҷим барои мардуми Афғонистон иброз нигаронӣ кардааст.

Никулосун гуфтааст, ки Иттиҳодияи Аврупо ба тааҳҳуди худ барои ҳимоят аз мардуми Афғонистон побандаст.

Ахиран шуморе аз кишварҳо дар пайи амалкардҳои толибон ва адами побандӣ ин гуруҳ ба таъаҳҳудоташ, аз вазъияти Афғонистони иброз нигаронӣ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Скотт Смит, масъӯли бахши сиёсии намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон мегуяд, ки раҳбарони толибон ба вижа дар мавриди бозгушои макотиб, дучор ихтилоф ҳастанд.

ӯ тавзеҳоти бештар дар ин замина надодааст, аммо таъкид кард, ки толибон бояд ба хостаҳои машрӯъи ҷомеъаи ҷаҳонӣ тан диҳанд ва дар ғайри он ҳеҷ гоҳ ба расмият шинохта нахоҳанд шуд.

Оқои Смит афзуд, ки ҳукумати толибон дар давраи аввал тавассути се кишвар ба расмияти шинохта шуда буд, аммо ин бор бо гузашти даҳ моҳи ҳеҷ кишваре ҳозир нест ин гуруҳро ба расмият бишносад.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.