расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Аз 1 миллион сомонӣ гузашт: хисороти сел дар ноҳияи Ашт маълум шуд

АХБОРИ ОҶИЛ / Ҷомеа / Иқтисодиёт / Ҳаводис

Аз 1 миллион сомонӣ гузашт: хисороти сел дар ноҳияи Ашт маълум шуд

Хисороти сел дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ҳисоб карда шуд ва он беш аз 1 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Диловар Ҳамдамов, котиби матбуотии бахши КҲФ дар вилояти Суғд зимни суҳбат гуфт, дар пайи ин ҳодисаи мудҳиши табиӣ комиссияи вижа ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, баъд аз ду рӯзи таҳқиқ ҳаҷми зарари расидаро маълум намуд.

“Маълум гардид, ки бар асари сели рӯзи 30 май дар ҳудуди деҳаҳои Ашт ва Пунук, дар умум 20 пул, ҳудуди 8 километр роҳ ва 32 ҳавлии сокинони ҷамоат хароб шуда, аз ин ҳисоб 1 миллиону 109 ҳазору 500 сомонӣ хисороти молӣ расидааст. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ нест”, – гуфт котиботи КҲФ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон.

Бино ба гуфтаи ин масъули КҲФ, ҳоло гурӯҳи корӣ ва техникаи лозим ба маҳалии ҳодиса фиристода шуда, корҳои бартарафсозии пайомади офати табиӣ ҷараён дорад.

Ашт ба ҳисоби шаҳру навоҳии Айнӣ, Шаҳристон, Панҷакент, Кӯҳистони Мастчоҳ, Конибодом, Исфара, Спитамен, Мастчоҳ, Деваштич ва Истаравшан аз ноҳияҳои осебпазири селхез гуфта мешавад.

Деҳоти ин ноҳия умдатан дар шароити кӯҳсор ҷойгиранд ва дар онҳо селроҳаҳое вуҷуд дорад. Мақомоти КҲФ мегӯянд, зараре, ки ҳамасола аз ҳисоби рух додани офатҳои таббиӣ, аз ҷумла селхезиҳо ба вуҷуд меоянд, марзи миллионҳо сомониро убур мекунад.


Ёдрас мешавем, ки рӯзи 30 май дар пайи боришоти борони шадид ва жола дар ҷамоати деҳоти Ашт селхезӣ рӯх дода, роҳҳои мошингард, пулҳо ва симчӯбҳои барқиро хароб намудааст.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.