расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Дарёфти боз як ҷасад дар рӯди Душанбе: ин бор духтари 22-сола

АХБОРИ ОҶИЛ / Ҷомеа / Ҳаводис

Дарёфти боз як ҷасад дар рӯди Душанбе: ин бор духтари 22-сола

Дар рӯдхонаи Душанбе ҷасади боз як ҷавондухтари пойтахт пайдо шудааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

Ба иттилои манбаъ, ҷасад санаи 1-уми июни соли 2022 тақрибан соати 16:00 дақиқа аз соҳили дарё воқеъ дар кӯчаи Ҳ.Шерозӣ, наздикии Маркази барқу-гармидиҳии Душанбе-2 ёфт шудааст.

Ин ниҳод мегӯяд, дар ҷасад аломатҳои марги маҷбурӣ ёфта нашуд.

"Зимни санҷиш муайян гардид, ки ҷасади ёфташуда шаҳрванд Ғаффорова Шаҳноза Маҳмадшоевна соли таваллудаш 05.08.2000, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Зарафшон мебошад", - афзудааст манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, номбурда санаи 26-уми майи соли ҷорӣ аз беэҳтиётӣ ба дарёи Варзоб ғарқ шуда, то дарёфт аз ҷониби кормандони милитсия ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мавриди ҷустуҷӯ қарор дошт.

Ёдовар мешавем, ки ахиран мақомот дар ин дарё ҷасади марди ношиносеро пайдо карданд

Гуфта мешавад, ҷасад дар шафати Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Умари Хаём намудор шудааст.

Манбаъ меафзояд, марди ғарқшуда тахминан 45-50-сола буда, феълан ҳувияти ӯ номаълум аст.

Зикр гардид, ки феълан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои муайян кардани шахсияти фавтида ва сабабҳои маргаш тафтишот оғоз карданд.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.