расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Муноқишаи гуруҳии мактабхонҳо дар Гипрозем ва ҷаримаи волидони онҳо

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

Муноқишаи гуруҳии мактабхонҳо дар Гипрозем ва ҷаримаи волидони онҳо


Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иштирокчиёни муноқишаро дар маҳаллаи Гипрозем муайян карда, 12 нафар волидони мактабхонҳоро ҷарима карданд.
Тавре ки маркази матбуоти Раёсат хабар медиҳад, 25 май дар як қатор шабакаҳои интеренетӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати муноқишаи як гурӯҳ наврасон инъикос ёфтааст.
“Дар зимн шаҳрвандону корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти милитсияи пойтахт дархост намуданд, то нисбати ҳуқуқвайронкунандагон чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шавад”, - омадааст дар хабари Раёсат.Гуфта мешавад, дар ин робита кормандони милитсия як қатор чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида, маълум шуд, ки ҳодисаи мазкур дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт рух дода, як гурӯҳ наврасон - хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ миёни ҳамдигар муноқиша кардаанд, ки дар натиҷа ягон нафар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ набардоштааст.
Зикр мегардад, ки шахсияти ҳамаи ноболиғони дар ин муноқиша иштирокдошта муайян карда шуда, 12 нафар волидони онҳо мутобиқи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ ҷарима шуданд.
Дар ин модда огоҳӣ ё ҷарима дар ҳаҷми аз 3 то 7 нишондиҳандаи барои ҳисоб (1 нишондиҳанда - 64 сомонӣ) пешбинӣ мешавад.Ёдрас мекунем, ки 17 май дар яке аз мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Турсунзода низ бар асари лату кӯби гуруҳӣ хонандаи синфи 10-уми ин мактаб Шуҳрат Холмуродов осеб дида, дар бемористон бистарӣ шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.