расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ӯзбекистон содироти газро ба Чин дубора оғоз кард

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Иқтисодиёт / Ҷаҳон

Ӯзбекистон содироти газро ба Чин дубора оғоз кард


Узбекистон содироти газро ба Чин, ки аввали соли равон ба хотири қонеъ кардани талаботи дохилӣ қатъ карда буд, дубора аз сар гирифтааст. Дар ин бора Eurasianet.org хабар медиҳад.
Ҳукумати Узбекистон дар бораи азсаргирии дубораи содироти газ ба Чин хабар надодааст. Аммо маълумоти Чин нишон медиҳад, Тошканд аз тариқи лӯлаи Осиёи Марказӣ-Чин, ки аз Туркманистон оғоз шуда, тавассути Узбекистону Қазоқистон мегузарад, дубора газ содир мекунад.
Бино ба омори Раёсати гумруки Чин, Узбекистон дар чаҳор моҳи аввали соли ҷорӣ ба он кишвар ба маблағи 132,8 миллион доллар газ содир кардааст, хабар медиҳад сомонаи русии Neftegaz.ru. Ҳаҷми гази содиршуда гуфта намешавад.
Туркманистон ба маблағи 2,87 миллиард доллар ва Қазоқистон бар ивази 270,6 миллион доллар ба Чин газ фурӯхтаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.