расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Дар ноҳияи Шуғнон тандиси сарбози номаълум гузошта мешавад

АХБОРИ ОҶИЛ / Сиёсат / Ҷомеа

Дар ноҳияи Шуғнон тандиси сарбози номаълум гузошта мешавад

Дар маркази ноҳияи Шуғнон тандиси сарбози номаълум бунёд карда шуд, ки дар остонаи Рӯзи Ғалаба ифтитоҳ мешавад.

Дар ин бора ба АМИТ "Ховар" дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон хабар доданд.

Тибқи гузориши манбаъ, муҷассамаи мазкур бахшида ба 77-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ифтитоҳ мегардад.

Ин тандис ба мақсади пос доштани хотираи фарзандони шуҷои Ватан ва ғамхорӣ дар ҳаққи онҳое, ки ба хотири ҳимояи Ватан ва зиндагии осудаи наслҳои имрӯзу ояндаи халқи тоҷик, ҷонбозиву фидокориҳо кардаанд, бунёд мегардад.


Муҷассама бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон бунёд гардидааст.

Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939-1945) аз рӯи миқёсу ҷуғрофияи набардҳояш пурдаҳшаттарин ҷанг дар таърихи инсоният арзёбӣ гардида, дар он беш аз 70 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.

Амалиёти ҳарбӣ дар ҳудуди 40 давлати ҷаҳон доман густурда буд. Дар ин ҷанги хонумонсӯз 110 миллион нафар сарбозону афсарон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба майдони набардҳо сафарбар гардида, дар озод намудани халқҳои гуногуни Аврупо аз зери асорати фашизм саҳми бузург гузоштанд.

Тоҷикистон чун дигар кишварҳои ҷаҳон дар мубориза бар зидди фашизм саҳми шоиста гузоштааст.

Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 300 ҳазор фарзандони далеру шуҷои тоҷик дар муҳорибаҳои шадид бар зидди фашизм иштирок намуда, беш аз 90 ҳазори онҳо аз майдони ҷанг барнагаштанд.

56 ҳазор нафари онҳо ба гирифтани ордену медалҳо, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени "Шараф" ва 54 нафар ба унвони олии ифтихории Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардиданд.

Номи қаҳрамонҳои Иттиҳоди Шӯравӣ Неъмат Қарабоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрйигитов, Сафар Амиршоев, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарипов ва боз садҳо фарзандони шуҷои миллати тоҷикро метавон номбар кард, ки дар мубориза бар зидди фашизм мардонагӣ нишон дода, дар таъмини Ғалабаи бузург бар фашизм саҳми шоиста гузоштаанд.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.