расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Эътирози марзбонони эронӣ ба рафтори нодурусти марзии толибон

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис / Ҷаҳон

Эътирози марзбонони эронӣ ба рафтори нодурусти марзии толибон


Мақомоти устони Хуросони Разавии Эрон ахиран эълом кардаанд, ки марзбонии Эрон нисбат ба рафтори нодурусти марзии толибон дар Дуғорун эътироз намудаанд
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Муртазои Муҷаррадӣ, раиси Идораи транзитии роҳдорӣ ва ҳамлу нақли ҷодаии устони Хуросони Разавӣ дар гуфтугӯ бо хабаргузории ИРНА хабар додааст, ки дар пайи вуруди мошинолоти роҳсозӣ аз сӯйи толибон ба маҳдудаи марзии Дуғорун - Исломқалъа дар Тоибод марзбонии Эрон нисбат ба ин рафтори нодурсти марзбонӣ эътироз кардаанд.
Вай афзуд, вазъияти фаъолият ва боз будани марзи Дуғорон дар ояндаи наздик аз сӯйи марзбонии Эрон мушаххас мешавад ва эълом хоҳад шуд.
Муртазо Муҷаррадӣ ҳамчунин гуфт, бар асоси эъломи марзбонии Эрон, феълан ҳеҷ аз новгони борӣ ба самти марзи Эрон раҳсипор намешавад.
Марзи Дуғоруни Тоибод дар Хуросони Разавӣ ахиран ба далели бархе рафторҳои муғойири усули марзбонӣ баста шуд, ки пас аз музокироти анҷомшуда ин марз бозгушоӣ шуд.
Маркази шаҳристони 120-ҳазорнафарии Тоибод дар 228-километрии ҷанубу шарқи Машҳад воқеъ аст.
Бояд гуфт, тайи чанд рӯзи ахир дар марзи Эрону Афғонистон чанд муноқишаи марзӣ сурат гирифт, ки боиси нигаронии мақомоти Эрону ҳукумати муваққати толибон дар Афғонистон шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.