расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » "Толибон" нашри барномаҳои BBC-ро дар Афғонистон манъ карданд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷаҳон

"Толибон" нашри барномаҳои BBC-ро дар Афғонистон манъ карданд


Толибон нашри барномаҳои телевизиони BBC-ро дар Афғонистон манъ карданд. Дар ин бораи BBC-форсӣ хабар медиҳад. Телевизиони BBC дар чанд соли ахир бар асоси қарордод барномаҳояи форсиву пашту ва ӯзбекияяшро дар бархе аз шабакаҳои телевизионии Афғонистон нашр мекард.
Ин барномаҳои BBC аз сӯйи телевизиони BBC-форсӣ таҳия мешуданд.
Бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон, "Толибон" ба телевизионҳои маҳаллӣ дастур додаанд, ки аз нашри барномаҳои телевизионҳои байналмилалӣ, аз ҷумла BBC худдорӣ кунанд. Дар ҳоли ҳозир ба ҷуз BBC ҳамчунин телевизиони "Ошно"-и "Садои Амрико" ҳам барномаҳояшро дар бархе аз телевизионҳои маҳалии Афғонистон бознашр менамояд.
BBC мегӯяд, ки пас аз ин дастури Толибон нашри барномаҳои хабарии телевизионҳои форсӣ, пашту ва ӯзбекии ин телевизион дар ин кишвар қатъ шудааст.
Ториқ Кафола, раиси бахши барномаҳои ғайриинглисии BBC гуфтааст, ки ин як таҳаввули нигаронкунанда аст ва дар ҳоле рух медиҳад, ки мардуми Афғонистон дар вазъияти нобасомону номушаххасе умр ба сар мебаранд.
Ин масъули BBC аз Толибон хостааст, ки  ин тасмимашонро бознигарӣ кунанд ва иҷоза диҳанд, ки расонаҳои ҳамкори BBC  дар Афғонистон фавран ба пахши барномаҳои BBC оғоз кунанд.Толибон то кунун дар ин бора изҳори назаре накардаанд.
Барномаҳои хабарии форсӣ, ӯзбекӣ ва паштуи BBC-ро шабакаҳои "Орзу", "Ориёнонеюс", "Шамшод" нашр мешуданд. 
Дафтари намояндагии СММ дар Афғонистон дар робита ба ин тасмими Толибон изҳори нигаронӣ намуда, онро "як таҳаввули дилхароши дигар" номидааст.
Бино ба гузориши расонаҳои Афғонист  пас аз сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон ниме аз расонаҳо аз миён рафтаанд. Толибон барои расонаҳои Афғонистон ҳам шартҳои сахтгиронае пеш гузоштаанд. Аз ҷумла ҳузури занони хонандаи хабарро дар телевизионҳои маҳаллӣ манъ карданд ва дастур додаанд, ки шабакаҳои Афғонистон аз нашри серёлҳои хориҷӣ даст бикашанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.