расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Дар Душанбе метро месозанд, аммо кадом сол ҳоло маълум нест

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Иқтисодиёт

Дар Душанбе метро месозанд, аммо кадом сол ҳоло маълум нест


 Интизор меравад, кишвари Куриёи Ҷанубӣ дар Душанбе метро бунёд кунад. Дар ин бора, 14 март ёддошти тафоҳум миёни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати Роҳи оҳани миллии Куриё ба имзо расид, хабар медиҳад Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Дар ҳамин ҳол, маълум нест, ки сохтмони метро дар Душанбе кай оғоз мешавад.
Гуфта мешавад, ки ёддошти тафоҳумро Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва директори иҷроияи ширкати Роҳи оҳани миллии Корея  Ким Ҳангёнг ба имзо расониданд.
Зимни имзои созишнома, Азим Иброҳим гуфтааст, ки баимзорасонии тафоҳумномаи мазкур барои ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда, имкон медиҳад, ки ҳамкории дуҷонибаи ниҳодҳоямонро қавӣ намоем.
- Ёддошти тафоҳум имконияти ҷалби ширкати Роҳи оҳани миллии Кореяро барои татбиқи дигар лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи нақлиёт, ки аҳамияти минтақавӣ доранд, васеъ менамояд», — афзудааст Азим Иброҳим.
Ба имзорасии ёддошти тафоҳум барои сохтмони метро дар Душанбе дар ҳолест, ки Ҷамшед Табарзода, муовини шаҳрдори Душанбе дар нишасти матбуотӣ, дар робита ба сохтани метро дар Душанбе гуфт, ки айни замон ин масъала мавриди омӯзиш қарор дорад.Ӯ саволи ин ки "расонаҳо  Ӯзбекистон  навиштаанд, ки мақомоти Душанбе аз Ӯзбекистон хостаанд, ки барои сохтани метро мусоидат кунад"-ро тасдиқ ё рад накард, вале гуфт, ки дастури Рустами Эмомалӣ,  шаҳрдори Душанбе дар ин бора ҳаст.
 - Фикр мекунам, инро мутахассисон ҳаматарафа омӯхта таҳлил карда, ба раиси шаҳр пешниҳод мекунанд, - афзуд Табарзода.
Ҳамчунин, ӯ ба таври мисол як нуктаро таъкид кард, ки як чизро бояд ба инобат гирифт: "Агар барои мисол сохтмони роҳро ба назар гирем, чи қадар биноҳо, иншоотҳоро бартараф кардан лозим аст, ки як роҳи иловагӣ барои  "нагрузка"-ро аз як қисмати шаҳр гирифтан, сохта шавад".
Ёдовар мешавем, ки моҳи феврали соли 2019 як манбаъи “Азия - Плюс” аз шаҳрдории Душанбе хабари сохтмони метороро дар пойтахт тасдиқ намуда гуфта буд, ки мутобиқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе, нахустин хатти болоизаминии метрои пойтахт охири соли 2040 мавриди истифода қарор мегирад.
Айни замон ҳукуматдорони пойтахт масъалаи имкони сохтмони қитъаҳои зеризаминии метрополитени ояндаи шаҳррро мавриди омӯзиш қарор додаанд.
Ҳамчунин бунёди хатҳои (шохаҳои) эҳтимолии метрои оянда низ омӯхта мешавад. Чанде аз сокинони шаҳр аллакай сохтмони хати метроро аз фурудгоҳ то бозори Корвон ва қисмати дигарашро – аз мавзеи Сирки давлатӣ то маҳаллаи Зарафшон пешниҳод кардаанд.
Қобили зикр аст, ки агар метрои Душанбе бунёд шавад, ин шаҳр севумин кишвари Осиёи Марказӣ хоҳад буд, ки соҳиби метро мешавад. Ҳоло дар пойтахти Ӯзбекистон – Тошканд ва шаҳри Алмаато (Қазоқистон) метро метро мавҷуд аст. Дар Бишкек ҳам сохтмони метро дар нақша аст, вале дар бораи оғози бунёди он чизе гуфта нашудааст. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.