расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Аз падар ба писар: Сардор Бердимуҳаммадов пирӯзи интихоботи Туркманистон эълон шуд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Аз падар ба писар: Сардор Бердимуҳаммадов пирӯзи интихоботи Туркманистон эълон шуд


Комиссияи марказии интихоботи Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов, писари 40-солаи раисҷумҳури ин кишвар Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадовро пирӯзи интихоботи президентии пеш аз муҳлати ин кишвар эълон кард. Сардор Бердимуҳаммадов дар ин раъйдиҳӣ 72,97 дарсади раъйи мардуми Туркманистонро ба даст овардааст.
Ҳашт рақиби дигари Сардор дар ин рақобати интихоботӣ, ҳамагӣ аз 1 то 11 дарсади райъи мардуми Туркманистонро ба даст овардаанду халос. 
Сардор Бердимуҳаммадов дар фазои кишварҳои пасошӯравӣ, пас аз Илмҳом Алиев, раисҷумҳури Озорбойҷон дувумин нафарест, ки қудрати сиёсиро аз падараш ба мерос мебарад, ҳарчанд талошҳои ин гуна интиқоли қудрат дар кишварҳои дигари пасошӯравӣ вуҷуд дошт.
Дар бораи баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ дар Туркманистон рӯзи 11-уми феврали имсол дар ҷаласаи порлумони ин кишвар хабар доданд. Дар шарҳи расмӣ гуфта шуд, ки президенти 64-сола роҳро ба “ҷавонон боз мекунад”. Аксарият ин изҳоротро чун ҳамвор кардани роҳ ба писари президент, Сардор Бердимуҳаммадов, қабул карда буданд, ки акнун воқеият шуд. 
Сардор Бердимуҳаммадови 40-сола, муовини нахуствазири Туркманистон, дар барномаи интихоботиаш ваъдаи “ислоҳот” дод, ки ба “беҳтар кардани мудирияти давлатӣ, навсозии соҳаи хусусӣ, афзоиши ҷойҳои корӣ, сармоягузорӣ ба соҳибкории хурду миёна” равона мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.