расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Паҳлавони тоҷик дар "Tunis African Open 2022" ҳафтум шуд

АХБОРИ ОҶИЛ / Варзиш

Паҳлавони тоҷик дар "Tunis African Open 2022" ҳафтум шуд


Дар мусобиқаи бози ҷудо "Tunis African Open 2022", ки рӯзҳои 12-13-уми март дар Тунис баргузор шуд, Тоҷикистонро се варзишгар – Муҳаммадраҳим Сарахонови 23-сола, Алиҷон Сафаралиеви 22-сола (ҳарду дар вазни -73 кг) ва Хушвахт Идиеви 21-сола (-81 кг) - намояндагӣ карданд. Аз байни онҳо Сарахонов натиҷаи хубтар ба даст овард. Ӯ ҷойи ҳафтумро гирифт.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқа 161 варзишгар (104 мард ва 57 зан) аз 18 кишвари панҷ қора ширкат дошт.
Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Тунис бо касби 5 медали тилло, 2 нуқра ва 7 нишони биринҷӣ ғолиб шуд. Мунтахаби Фаронса бо касби 3 медали тилло, 2 нуқра ва 1 нишони биринҷӣ ҷойи дуюмро гирифт. Мунтахаби Алҷазоир бо касби 2 медали тилло, 6 нуқра ва 7 нишони биринҷӣ ҷойи сеюмро азони худ кард.
Мунтахаби Тоҷикистон бо як ҷойи ҳафтум дар байни 18 кишвар ҳамроҳ бо Кувайт ҷойи 14-умро соҳиб шуд.
Зимнан, ин чорумин мусобиқаи байналмилалӣ дар мавсими имсола барои варзишгарони тоҷик ба шумор мерафт. Қаблан дар «Grand Prix Portugal 2022» ва «Paris Grand Slam 2022» ягона варзишгари тоҷик - Комроншоҳи Устопириён – ширкат карда, дар шаҳри Алмадаи Португалия дар вазни то 90 кило медали биринҷӣ ба даст оварда буд. Баъдан Темур Раҳимов дар мусобиқаи “Tel Aviv Grand Slam 2022”, ки моҳи феврал дар шаҳри Тел-Авиви Исроил баргузор шуд, бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.