расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Муфтиёти Қазоқистон истифодаи рамзарз ё криптовалютаро ҳаром эълон кард

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷаҳон

Муфтиёти Қазоқистон истифодаи рамзарз ё криптовалютаро ҳаром эълон кард


Муфтиёти Қазоқистон гуфтааст, бо се далел истифодаи рамзарз ё криптовалютаро ҳаром эълом кард. Ба иттилои манбаъ, тибқи шариати Ислом, ҳамаи пулҳо бояд аз сӯи давлат бароварда ва муҳофизат шаванд.
"Биткойн пули миллӣ шуда наметавонад. Он пули маҷозӣ аст, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ кафолат дода мешавад ва қонунгузории молии кишвар низ онро муҳофизат карда наметавонад. Арзиши биткойн ҳар лаҳза метавонад якбора боло равад ё поин равад ва мардум аз ин зарар мебинанд", - омадааст дар хабари Идораи мусулмонони Қазоқистон.Манбаъ сабабҳои дигари "ҳаром" будани криптовалютаро чунин овардааст, "дувум, равандҳои биткойн ҳамеша пӯшида ҳастанд ва он боиси қаллобӣ ва фиребгарӣ мешавад, ки шариат онро манъ кардааст. Севум, биткойн ҳамчун асъор ё мол таҳти назорати ҷониби масъул қарор надорад ва ин ба "иқтисоди дохилӣ ва оромии ҷомеа" метавонад таъсири манфӣ расонад".

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.