Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз майдони асосии сохтмони ҷумҳурӣ
Президент бо ҷараёни корҳои сохтмон дар нерӯгоҳи “Роғун” шинос шуд.
Сурат: хадамоти матбуоти президенти ҶТПрезиденти Тоҷикистон рӯзи 14 октябр ба майдони сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун ташриф оварда, бо рафти корҳо дар иншоот шинос шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст Пешвои миллат бо ҷараёни корҳо дар сарбанди нерӯгоҳ шинос шуд. Маводи хобондашуда дар сарбанд 11,8 млн. метри мукааб, аз ҷумла дар қисми болоии он 8,3 млн. метри мукааб ва дар қисми поёнӣ 3, 5 млн. метри мукаабро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми умумии корҳои иҷрошаванда дар доираи лоиҳа дар сарбанди НБО “Роғун” 79,4 млн. метри мукааб мебошад. Имрӯз сатҳи обанбор дар нишонии 1070 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад.