расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » ДАҲШАТ! МОДАР ПИСАРАШРО КОРД ЗАДУ ПУШАЙМОН ШУД!

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

ДАҲШАТ! МОДАР ПИСАРАШРО КОРД ЗАДУ ПУШАЙМОН ШУД!

Рӯз то рӯз афзоиш ёфтани ҷиноятҳои оилавӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳисси раҳму шафқат нисбат ба ҳамдигар аз байн рафта, иддае аз аҳли ҷомеаи мо ҳатто ба шахсони наздиктарини худ тараҳум намекунанд.
Ҳафтае нест, ки хабари аз ҷониби шавҳар, зан, бародар, тағо, амак ва ё ягон хешу табори наздикаш кушта ва ё захмӣ шудани ин ё он фард расонаӣ нашавад. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз содир шудани боз як ҷиноят дар муҳити оила хабар дод. Тасаввур карданаш душвор аст, вале шахсе, ки даст ба ҷиноят зада, фарзанди худро захмӣ кардааст, модар аст!
Ин ҳодисаи нохуш шоми 19-декабр, тахминан соатҳои 18.30 дар пойтахт сар зада, байни як ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва модари 46-солааш муноқиша ба амал омадааст. Модар дар ҷараёни моҷаро ду маротиба писарашро корд зада, фарзанди худро сахт захмӣ намудааст. Писар бар асари захм корд ҷароҳатҳои вазнин бардошта, тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.