расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Террорист дастгир гардид

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

Террорист дастгир гардид

575
Шаҳрванд Идибегов Имомалӣ Ҷурабекович, санаи таваллудаш 19-уми декабри соли 1982, сокини деҳаи Якатути ноҳияи Рӯдакӣ, оиладор, соҳиби 3 фарзанд, маълумоташ миёна.
Солҳои 2015-2017 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ фаъолият мекард. Ӯ бо истифода аз шабакаҳои интерентӣ пайравӣ ва ҷонибдории худро ба ташкилотҳои террористӣ ба хусус «Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ифода намуда, дар паҳн ва тарғиби ақидаҳои террористӣ, аксу наворҳои даҳшатзо ва матнҳои ифротгароёна даст задааст. Бо ҳаммаслакони ҷиноятпешаи худ Амиров Темур Манзаршоевич ва Сулаймонов Даврон Ҳакимҷонович, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон будаанд, дар ҳудуди Федерасияи Россия амалисозии якчанд актҳои террористиро ба нақша гирифта, инчунин барои хазинаи давлати исломӣ маблағҳои муайн ворид кардаанд.
Аз чунин қасди диверсионии Имомалӣ Идибегов ва ҳаммаслакони ӯ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия огоҳ гардида, ду нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Амиров Темур Манзаршоевич ва Сулаймонов Даврон Ҳакимҷоновичро дастгир кардаанд. Гумонбаршуда Имомалӣ Идибегов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фирор карда, барои чунин кирдори махсусан хатарноки худ-терроризм аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт.
6-уми апрели соли 2021 дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳангоми доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷинояткори хавфнок Идибегов Имомалӣ Ҷурабекович аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд.
Ҳангоми дастгир намудани гумонбаршуда Идибегов И.Ҷ., шаҳрвандон: ҳамсари гумонбаршуда Ғаниева Дилбар, ронандаи таксӣ Забирова Сабоҳат ва Шаҳлои Салоҳиддин, ки бо ҳам робитаи зич доштаанд ва дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштани Идибеговро медонистаанд, дидаву дониста ба раванди фаъолияти кормандони милитсия монеагӣ эҷода намуда, дар байни ҷомеа иғво андохта, тариқи телефон рафти дастгиркунии ҷинояткорро ба навор гирифта, дар шабакаҳои интернетӣ ҳамчун сафарбаркунии маҷбурӣ (облава) ба сафи артиш шарҳ дода, паҳн намудаанд.
Гумонбаршуда Идибегов Имомалӣ Ҷурабекович барои раҳоӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ худро ҳамчун бемор вонамуд намуда, бо ин рафтори айёронаи худ диққати роҳгузаронро бештар ҷалб намуда, издиҳоми зиёди одамонро ба вуҷуд овард.
Ёдрас месозем, ки дастгир кардани ин ҷинояткори махсусан хавфнок дар асоси маълумотҳои дақиқи оперативӣ ва парвандаи ҷустуҷуии ҷиноятӣ бо моддаи 205 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия ва 401 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
576577
Шаҳрвандоне, ки дар рафти амалисозии чорабинии дастгиркунии гумонбаршуда Идибегов И.Ҷ., ба кормандони милитсия халал расонидаанд, нисбати онҳо чораҳои қонунӣ андешида мешавад.
Маркази матбуоти ВКД

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • popsnkrsreps | Гости

    All Fake Travis Scott Collaborations Shoes on sale here! Fake Travis Scott x Nike Jordan Shoes , and Air Max, etc Good Quality of Replica Sneakers surely satisfy you well!

    Buy Fake Jordan 4 perfectly combines fashion and comfort These iconic shoes use a modish design and advanced cushioning for maximum performance and support Shop our Fake Jordan 4 collection today to add some color to your outfit!

  • machine | Гости

    the most widely used computer numerical control (custom cnc milling savannah) and 3D printing programming language. It is used mainly in computer-aided manufacturing to control automated machine tools, as well as for 3D-printer slicer applications.

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.