расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Боздошт гардидани зани 33-сола бо гумони дуздии ангуштарини тиллоӣ

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

Боздошт гардидани зани 33-сола бо гумони дуздии ангуштарини тиллоӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 36-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 20-уми марти соли 2021, тахминан соати 11:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз мағозаи ҷавоҳирот, воқеъ дар ҶДММ «Бозори Корвон» 1-адад ангуштарини тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 33-солаи сокини пойтахт, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.