расонаи иттилии - Ориён » Сафир: Тоҷикистону Покистон дар масъалаи Афғонистон манфиатҳои муштарак доранд

---

Сафир: Тоҷикистону Покистон дар масъалаи Афғонистон манфиатҳои муштарак доранд

Исматулло Насриддин, сафири Тоҷикистон дар Покистон, дар мусоҳибае дар “Radio Pakistan” таъкид доштааст, ки манфиатҳои муштараки ду кишвар ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон рабт доранд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.

Ҷаноби сафир афзуд, ки талошҳои кишварҳои ҳамсоя ба он равона шудааст, ки ҳар як кишвар аз робитаҳои минтақавӣ пурра истифода намояд.

“Афғонистон пайвандгари Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ аст ва бидуни мусолиҳа ҳамкорӣ бо ин кишвар ғайриимкон аст”, - гуфт Исматулло Насриддин.

Инчунин сафири Тоҷикистон дар Покистон зикр кардааст, ки танҳо як роҳи ҳалли ин масъала вуҷуд дорад.

Сафири кишвар пешниҳод кард, ки дар якҷоягӣ бо мақомоти Покистон бояд ба толибон барои ташкили ҳукумати фарогир, ки дар он намояндагони тамоми ақвоми Афғонистон бояд ҳузур дошта бошанд, таъсир расонида шавад.

Ҳамзамон сафири Тоҷикистон аз нақши Чин дар раванди истиқрори сулҳу субот дар ин кишвар изҳори назар кард.

Ба гуфтаи вай, Душанбе ва Пекин бо дарназардошти манофеи Чин дар Афғонистон сари ин масъала кор мекунанд.

Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.