расонаи иттилии - Ориён » Раис чанд кило пахта чид?

---

Раис чанд кило пахта чид?

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафар карда, аз ҷараёни ғунучини пахта ва коркард дар он корхонаҳо дидан кардааст.
Аснои сафари корияш ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Аҳмадзода ба бригадаи №2-и Кооперативи тиҷоратии ба номи Турсунбой Қушатови ҷамоати деҳоти Исмоил ташриф оварда, бо пахтакорон суҳбат намудааст.
Дар аксҳое, ки Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд интишор намудааст дида мешавад, ки Раҷаббой Аҳмадзода бо либоси саҳроӣ дар канори деҳқон ба пахтачинӣ машғул шудааст. Аммо дар бораи чӣ қадар пахта чидани ӯ маълумот дода нашудааст.
Аҳмадзода ҳамчунин ба беҳтарин чинакчиёни пахта дар хоҷагии ба номи Қушатов туҳфаҳо тақдим намудааст.
Ин Кооператив, яке аз калонтарин хоҷагиҳои пунбапарвар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳисоб рафта, соли ҷорӣ дар 830 гектари он пахта кишт карда шудааст

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.