расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » КОРХОНАИ СЕМЕНТИ ДУШАНБЕ ТО ОХИРИ СОЛИ 2023 БАСТА МЕШАВАД

Асосӣ / Ҷомеа / Иқтисодиёт

КОРХОНАИ СЕМЕНТИ ДУШАНБЕ ТО ОХИРИ СОЛИ 2023 БАСТА МЕШАВАД

КОРХОНАИ СЕМЕНТИ ДУШАНБЕ ТО ОХИРИ СОЛИ 2023 БАСТА МЕШАВАД
Хабаргузории расмии “Ховар” рӯзи 18 июли соли 2023 хабар дод, ки  дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазорату кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти марбутаи мамлакат дастуру супоришҳо дода шуд, ки фаъолияти минбаъдаи корхонаи истеҳсоли сементи шаҳри Душанбе то охири соли 2023 боздошта шавад. “Ховар” гуфт, ҳадафи аз ин тасмим, пеш аз ҳама, софу беғубор нигоҳ доштани фазои экологии пойтахт, шаҳри Душанбест. “Зеро корхонаи мазкур, ки солҳои 40-уми асри гузашта сохта шудааст, имрӯзҳо умуман ба талабот ҷавобгӯ набуда, таъсири бевоситаи худро ба экологияи шаҳр ва сокинони он расонида истодааст. Гузашта аз ин тамоми дастгоҳ ва таҷҳизоти истеҳсолии корхона фарсуда ва қисман корношоям буда, таъмири он ғайриимкон аст ва ҷараёни истеҳсоли семент дар ин корхона самаранок намебошад”, - гуфта мешавад дар шарҳи “Ховар”. Дар гузориш ҳамчунин зикр шудааст, ки агар дар гузашта корхонаи сементи Душанбе бузургтарин ва ҳатто ягона чунин корхона дар ҷумҳурӣ буд, дар солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва дигар минтақаҳо якчанд корхонаи азими истеҳсоли семент, аз қабили «Хуаксин Ғаюр семент», «Моҳир семент», «Хуаксин Ғаюр — Суғдсемент», «Тоҷ–Чайна» ва ғайра сохта, мавриди истифода қарор дода шуд. “Ҳаҷми иқтидори истеҳсолии корхонаҳои мазкур калон буда, онҳо имконияти васеъ доранд, ки пурра талаботи бозори дохилии мамлакатро бо сементи истеҳсоли худӣ таъмин намуда, содироти маҳсулотро берун аз мамлакат низ ба роҳ монанд”, - гуфта мешавад дар хабар.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, дар маҳалли корхонаи сементи Душанбе, қарор аст, як силсила биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ сохта шаванд. Бо дарназардошти маҳалли ҷойгиршавиаш, бовар меравад, ки манзилҳо дар ин биноҳо серхаридор хоҳанд шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.