расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БАЪДИ ҲАМЛАИ ХУНИН: ИХРОҶИ 466 МУҲОҶИР АЗ ПЕТЕРБУРГ ДАР ЗАРФИ ҲАМАГӢ 4 РӮЗ

Асосӣ / Муҳоҷир

БАЪДИ ҲАМЛАИ ХУНИН: ИХРОҶИ 466 МУҲОҶИР АЗ ПЕТЕРБУРГ ДАР ЗАРФИ ҲАМАГӢ 4 РӮЗ

БАЪДИ ҲАМЛАИ ХУНИН: ИХРОҶИ 466 МУҲОҶИР АЗ ПЕТЕРБУРГ ДАР ЗАРФИ ҲАМАГӢ 4 РӮЗ
Дар пайи ҳамлаи хунини рӯзи 22 марти соли 2024, дар байни ҳамагӣ 4 рӯз аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия 466 муҳоҷирро ихроҷ кардаанд. грантов.
Даря Лебедева, раҳбари хадамоти муштараки матбуоти додгоҳҳои шаҳри Санкт-Петербурги Русия рӯзи 30 марти соли 2024 хабар дод, ки аз 25 то 29 март ба додгоҳҳои ин шаҳр 584 парванда оид ба поймол кардани қонунҳои муҳоҷират супурда шуд ва 515 парванда алакай баррасӣ шуда, дар умум беш аз 300 қарор дар мавриди ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ аз Русия содир карда шуд.
“Қарори додгоҳҳо чунин аст: 418 вайронкунандаи қонунҳои муҳоҷират ҷарима баста шуда, ҳукми ихроҷашон низ бароварда шуд. 48 нафари дигар бояд ҷарима супурда, худашон мустақилона қаламрави Русияро тарк кунанд. Парвози мустақилона, вале зери назорати онҳо аз Русия бояд дар зарфи 5 рӯз аз замони қувваи қонунӣ гирифтани ҳукми ихроҷашон сурат бигирад”, — хабар додааст Даря Лебедева.
Сухангӯи додгоҳҳои Петербург иддао кардааст, ки гӯё додгоҳҳо ҳуқуқи муҳоҷиронро пурра риоя карданд. Вале маълум нест, ки чӣ гуна додгоҳҳое, ки дар як муддати кӯтоҳ парвандаи садҳо муҳоҷирро ҳаллу фасл карданд, имкон ёфтаанд, ки ҳуқуқи онҳоро ва боз пурра риоя кунанд?
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, додгоҳҳои Русия маъмулан муҳоҷирон “говсуд” карда, парвандаҳои онҳоро рӯякӣ ва бидуни баргузории ягон навъ муҳокимаи додгоҳӣ баррасӣ мекунанд ва як додрас метавонад дар байни ҳамагӣ чанд дақиқа ҳукми ихроҷи даҳҳо муҳоҷирро имзо кунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.