расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон ба Тоҷикистон омад

. / Сиёсат

Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон ба Тоҷикистон омад

Жеенбек Кулубаев, вазири корҳои хориҷии Қирғизистон дирӯз, 4-уми феврал, бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Жеенбек Кулубаев мулоқот кардааст.
“Вазирон дар ҳайатҳои маҳдуд ва васеъ масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро муфассал баррасӣ карда, доир ба ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд”, - хабар медиҳад ин ниҳод.
Дар пайи ин мулоқот, ҷонибҳо Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон барои солҳои 2024-2025-ро ба имзо расонидаанд.
Дар бораи тафсилоти бештари мулоқот ва гуфтушунид иттилоъ дода намешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.