расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДУЗДИИ МАБЛАҒҲО ДАР ҶАРАЁНИ ТАЪМИРИ БИНОИ ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ И.СОМОНӢ

Асосӣ / Ҷомеа / Иқтисодиёт

ДУЗДИИ МАБЛАҒҲО ДАР ҶАРАЁНИ ТАЪМИРИ БИНОИ ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ И.СОМОНӢ

ДУЗДИИ МАБЛАҒҲО ДАР ҶАРАЁНИ ТАЪМИРИ БИНОИ ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ И.СОМОНӢ
Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 17 июли соли 2023 аз анҷоми тафтиши пешакӣ ва бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ супурда шудани парвандаи ҷпноятии мудири ширкати сохтмонии “Аҳмад Сохтмон” Хуршедҷон Назаров хабар дод. 
Маркази матбуоти Агентиӣ дар шарҳи ин парванда гуфт: “Назаров Хуршедҷон Абдураҳмонович дар вазифаи директори Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Аҳмад Сохтмон” кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо истифодаи ваколати мансабдорӣ зимни анҷом додани корҳои таъмиру сохтмонии бинои шуъбаи маорифи ноҳияи И.Сомонӣ дар асоси супоришномаҳои пулӣ қасдан ва бо роҳи сохтакории хизматӣ ҷамъ маблағи 272043 сомониро барзиёд нишон дода, маблағи мазкурро тасарруф намудааст, ки дар натиҷа ба давлат зарари калони моддӣ расонид”.
 Хуршедҷон Назаров  бар асоси қисми чоруми моддаи 245 ба тасарруфи маблағҳо ба миқдори махсусан бузург ва бар асоси қисми аввали моддаи 340 ба сохтакории ҳуҷҷатҳо айбдор мешавад. Ба ӯ ҷаримаи шангуфт ё то чанд сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.
Тафсилоти дигари парванда нашр нашудааст. Худи Хуршедҷон Назаров  барои шарҳи қазия дастрас нест.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.