расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Талоши Эрону Тоҷикистон барои густариши равобити дуҷониба дар бахши кишоварзӣ Сафири Эрон дар Тоҷикистон ва вазири кишоварзии кишвар дар мулоқот дар хусуси густариши ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ тавофуқ карданд

Асосӣ / Иқтисодиёт

Талоши Эрону Тоҷикистон барои густариши равобити дуҷониба дар бахши кишоварзӣ Сафири Эрон дар Тоҷикистон ва вазири кишоварзии кишвар дар мулоқот дар хусуси густариши ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ тавофуқ карданд

Талоши Эрону Тоҷикистон барои густариши равобити дуҷониба дар бахши кишоварзӣ


Сафири Эрон дар Тоҷикистон ва вазири кишоварзии кишвар дар мулоқот дар хусуси густариши ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ тавофуқ карданд

 Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Душанбе бо Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати кишоварзӣ.
Дар ин дидор, ки дар ҷараёни он Мустафо Ваҳидзода, мудиромили ширкати тавлиди трактори Эрон ва намояндагони "Тоҷикагролизинг" низ ҳузур доштанд, барномаи ду кишвар дар заминаи тавсеаи ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ баррасӣ шуд.
Ба иттилои манбаъ тарафҳо оид ба рушди ҳамкориҳои судманд аз ҷумла, воридоти техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ изҳори назар намуданд.
Вазорати кишоварзӣ маълумот додааст, ки дар давоми 4 моҳи соли равон 20 адад тракторҳои гуногунтамға, 40 адад тойбанду тагрезчин 1 адад дискмола ва 47 адад испори тракторӣ аз Эрон ба Тоҷикистон аз ҷониби ширкатҳои воридкунандаи асосии техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ворид карда шудааст.
Дар ҳамин ҳол хабаргузории “Форс” хабар додааст имрӯзҳо тракторҳои эронӣ ба 30 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ содир мешаванд. Басарфа будан, ки аз назари содирот бисёр дорои аҳамият ба назар мерасад, аз ҷумлаи имтиёзҳои тракторҳои тавлидшуда дар Эрон аст.
Тракторҳои эронӣ умдатан барои истифода дар боғҳо тарроҳӣ шудаанд ва чунин таҷҳизоте нисбат ба соири моделҳои трактори сабук тақозои бештаре доранд.
Тиҷорати дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон дар чаҳормоҳаи нахусти соли ҷорӣ ҳудуди 81 миллион доллар будааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.