расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Атомуҳаммади Нур: Толибҳо мухолифони сиёсии худро ба унвони ҷангҷӯёни ДОИШ* мекушанд

Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Атомуҳаммади Нур: Толибҳо мухолифони сиёсии худро ба унвони ҷангҷӯёни ДОИШ* мекушанд

Волии пешини Балх бори дигар аз юришҳои ҳукумати толибҳо бар мухолифонаш зери унвони ҷангҷӯёни гурӯҳи ДОИШ* интиқод кард

Волии пешини Балх Атомуҳаммад Нур ахран дар саҳифаи твиттериаш навишт, ки толибҳо даст ба куштори "мухолифони сиёсӣ" худ мезананд ва бо ин фиреб барои ба расмият шинохтани ҳукумати худ ва идомаи ҳимояти молии ғарбӣ заминасозӣ мекунанд.
Ӯ тавзеҳ надода ки ин "мухолифони сиёсии" толибҳо чӣ касоне буданд.
Волии пешини Балх муддаӣ шудааст, ки ин гурӯҳ муртакиб "қатлҳои мармузӣ" ба номи "юриш ба ДОИШ*" шуда ва бар пешонии қурбониён "муҳри ДОИШ*" задааст.
Оқои Нур, ки дар Табъид ба сар мебарад, ҳамчунин "лобигарӣ" афрод ва гурӯҳҳое, ки ба гуфта ӯ ин иқдомоти толибонро "иҷрои мувофиқатномаи Давҳа унвон мекунанд" шармовар хондааст.
Волии пешини Балхи коркардҳои толибҳоро ваҳшиёна хонда ва аз ҷомеъаи байналмилалӣ, ба вижаи Созмони Милал хоста, ки нагузорад мардум қурбонии сиёсатҳои гурӯҳе шаванд, ки ба гуфта ӯ ба каромати инсонӣ эҳтироме қойил нест.
Пеш аз ин, фармондиҳии пулиси гурӯҳи толибҳо дар Балх бидуни тавзеҳе эълом кард, ки дар пайи иҷрои амалиёте бар паноҳгоҳи аъзои ДОИШ* дар Наҳршоҳӣ, шаш узви ин гурӯҳ кушта шуданд.
Як расонаи наздик ба гурӯҳи толибҳо ба номи "Мирсод" маҳали иҷрои ин амалиётро кӯчаи сездаҳуми минтақаи инжинар Меҳдӣ дар ҳумаи шаҳри Мазори Шариф унвон кард.
Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи толибҳо пасинҳо дар чандини маврид эълом карда ки паноҳгоҳҳои ДОИШ*-ро дар чанд вилоят аз он миёни Кобул, Балх ва Нимрӯз ҳадаф қарор дода ва аъзои ин гурӯҳро куштааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.