Аз дабири СММ хостанд, ҳуқуқи инсонро бо Раҳмон матраҳ кунад

 

Як созмони мӯътабари ҳомии ҳуқуқ аз дабири кулли Созмони Милал хостааст, зимни сафараш ба Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон масъалаи мурооти ҳуқуқи инсон ва аз ҷумла хотима додан ба азобу шиканҷа ва фишор ба хабарнигоронро дар миён бигузорад.

Ҳюман Райтс Вотч рӯзи 8-уми июн бо нашри баёнияе гуфт, “риояти ҳуқуқи инсон дар кишварҳои минтақа бояд як масъалаи аслии сӯҳбати Антонио Гуттереш бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад.

Дабири кулли Созмони Милал рӯзи 12-уми июн ба Душанбе меравад ва бо раҳбарони Тоҷикистон аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон гуфтӯгу мекунад. Ҳю Вилямсон, мудири барномаҳои Дидбони Ҳуқуқи Башар барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар ин баёния гуфтааст,

“Мо аз дабири кулл мехоҳем бо истифода аз нахустин сафараш ба минтақа ба раисони ҷумҳур ҳушдор бидиҳад, ки ончиро, ки қонунҳои байналмилалӣ ва аҳдномаҳои Созмони Милал талаб доранд, иҷро кунанд, онҳоеро, ки нодуруст пушти панҷара андохтаанд, озод кунанд, бигзуоранд, то хабарнигорону ҳомиёни ҳуқуқ корашонро кунанд ва онҳоеро, ки азобу шиканҷа мекунанд, ҷазо бидиҳанд.

Дар баёния бахусус аз давлати Тоҷикистон хостаанд, вакилони зиндонии дифо Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Маҳкамов ва Шӯҳрат Қудратовро бе ҳеҷ қайду шарт ва фавран озод кунад ва ба таъқиби хешовандони мунтақидоне, ки дар хориҷ зиндагӣ мекунанд, хотима бидиҳанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон